Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо: Ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон муайян гардид

Дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки рӯзҳои 10 – 12-уми ноябр дар шаҳри Еревани Арманистон баргузор мешавад, Тоҷикистонро 9 варзишгар муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба “Asia-Plus” хабар доданд. Тибқи иттилои ин ниҳод, 5 варзишгари тоҷик дар навъи самбо ва 4 варзишгари дигар дар навъи самбои ҷангӣ қувваозмоӣ хоҳанд […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки рӯзҳои 10 – 12-уми ноябр дар шаҳри Еревани Арманистон баргузор мешавад, Тоҷикистонро 9 варзишгар муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба “Asia-Plus” хабар доданд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, 5 варзишгари тоҷик дар навъи самбо ва 4 варзишгари дигар дар навъи самбои ҷангӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Дар риштаи самба варзишгарони зерин иштирок мекунанд:

Акмалиддин Каримов – дар вазни 58 кг,

Хушқадам Хусравов – дар вазни 64 кг,

Деваштич Убайдӣ – дар вазни 79 кг,

Зафар Олимшоев – дар вазни 88 кг,

Бахтовар Замиров – дар вазни 98 кг.

Дар риштаи самбои ҷангӣ:

Бобоҳон Мирзозода – дар вазни 58 кг,

Сорбон Латипов – дар вазни 64 кг,

Худоёр Раҷабов – дар вазни 71 кг,

Сарвар Ҳотамбекзода – дар вазни 88 кг.

Гуфта мешавад, ки мусобиқаҳо дар 21 вазн: занон – 50 кг, 54 кг, 59 кг, 65 кг, 72 кг, 80 кг, +80 кг; мардон ва самбои ҷангӣ – 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг, +98 кг баргузор мегардад.

Барои ширкат дар ин мусобиқа дастаҳо аз 65 кишвар дархост пешниҳод кардаанд. Тибқи қарори Кумитаи иҷроияи FIAS, варзишгарони Русия, Беларус, Фаронса ва дастаҳои гурезаҳо дар мақоми бетараф баромад мекунанд.

“Имсол самбо 85-умин солгарди худро таҷлил мекунад. Аз ин лиҳоз, дар маҷмааи варзишӣ ба номи Карен Демирчян на танҳо варзишгарони пурқуввати 65 кишвар, балки куштигирони қаҳрамон ва варзишагарони номдори самбо аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ба муносибати ин чорабинии тантанавии махсус ба Ереван парвоз ва иштирок хоҳанд кард”, – қайд кард президенти Федератсияи байналхалқии самбо (FIAS) Василий Шестаков.

Тибқи иттилои FIAS, самбочиён, ки дар тақвими байналмилалӣ дар мусобиқаи асосии сол медал ба даст меоранд, соҳиби нишонҳои гаронбаҳои FIAS мешаванд. Илова бар ин, ғолибон ва барандагони ҷои дуюми мусобиқа ба таври анъанавӣ барои бурди мукофотҳои пулӣ, ки дар умум 231 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад, мубориза мебаранд.

Тақсимоти фонди ҷоиза дар байни ғолибон чунин хоҳад буд:

Барандаи медали тилло дар ҳар вазн – 4 ҳазор доллар.

Барандаи медали нуқра – 3 ҳазор доллар.

Барандагони медалҳои биринҷӣ – 2 ҳазор доллар.

Ёдовар бояд шуд, ки аз Тоҷикистон аввалин варзишгаре, ки соҳиби унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо гардидааст Саймумин Раҳимов мебошад. Ӯ соли 1975 ин унвонро соҳиб шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.