Фарзандони мактабхони муҳоҷирони корӣ дар Русия аз забони русӣ имтиҳон месупоранд

Вазорати маорифи Русия тасмим гирифтааст сатҳи донистани забони русии кӯдакони муҳоҷиронро дар мактабҳои он кишвар санҷиш кунад. Дар ин бора нашрияи "Коммерсантъ" хабар медиҳад. Баъд аз анҷоми санҷиши кӯдакони хонаводаҳои муҳоҷир мумкин аст, бархе аз онҳо ба давраҳои иловагии омӯзиши забони русӣ фиристода шаванд. Дар ин бора Сергей Кратсов, вазири маорифи Русия хабар додааст. Қаблан […]

Asia-Plus

Вазорати маорифи Русия тасмим гирифтааст сатҳи донистани забони русии кӯдакони муҳоҷиронро дар мактабҳои он кишвар санҷиш кунад. Дар ин бора нашрияи "Коммерсантъ" хабар медиҳад.

Баъд аз анҷоми санҷиши кӯдакони хонаводаҳои муҳоҷир мумкин аст, бархе аз онҳо ба давраҳои иловагии омӯзиши забони русӣ фиристода шаванд. Дар ин бора Сергей Кратсов, вазири маорифи Русия хабар додааст.

Қаблан роҳбари Шӯрои назди президенти Русия оид ба ҳуқуқи инсон Валерий Фадеев гуфта буд, аз 50% то 75% кӯдакони муҳоҷирон забони русиро бад ва ё умуман намедонанд. Фадеев гуфта буд, дар мактабҳои Москва ва Петербург то 20% чунин кӯдакон ҳастанд.

Ба ҷуз аз санҷиши сатҳи забондонӣ кӯдакони муҳоҷиронро ҳамчунин аз санҷишҳои “худогоҳӣ” ва “дониши таърих ва фарҳанги Русия” мегузаронанд.

Мудири Маркази лоиҳакашии иҷтимоии “Платформа” Алексей Фирсов аз ин санҷишҳо интиқод кардааст.

Коршиносон ва омӯзгороне, ки дар маҷмуъ аз ин нақшаҳои вазорати маорифи Русия ҷонибдорӣ мекунанд, ҳамзамон мепурсанд, ки – дарсҳои иловагиро кӣ пардохт хоҳад кард.

“Ба эҳтимоли зиёд аз мактабҳо талаб мешавад, ки дарсҳои иловагиро ба роҳ монанд ва мудир дар навбати худ маҷбур мешавад, ки таҳсилоти пулакиро ҷорӣ кунад”, – гуфтааст Всеволод Луховитский, узви шӯрои иттиҳодияи “Омӯзгор”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио