Рустами Эмомалӣ вориди Бишкек шуд

Субҳи имрӯз, 16-уми ноябр, Рустам Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе барои иштирок дар Ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бо сафари дурӯза ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон парвоз кард. Рустам Эмомалиро дар фурудгоҳи байналмилалии Манас Ҷамила Кубаничбековна, муовини раиси Жогорку Кенеш (парлумон)-и […]

Субҳи имрӯз, 16-уми ноябр, Рустам Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе барои иштирок дар Ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бо сафари дурӯза ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон парвоз кард.

Рустам Эмомалиро дар фурудгоҳи байналмилалии Манас Ҷамила Кубаничбековна, муовини раиси Жогорку Кенеш (парлумон)-и Қирғизистон, Димитрий Кобитский, котиби генералии Шӯрои АБП ИДМ, Исаев Асеин Қусенович, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон имрӯз дар қароргоҳи давлатии “Ала-Арча” ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии ИДМ баргузор мегардад, ки дар он сарони ҳайатҳои парлумонӣ ширкат меварзанд. Дар ин ҷаласа масъалаҳои ҷории рӯзномаи маҷлис, ҷамъбасти чорабиниҳои соли 2023 ва мониторинги маъракаҳои интихоботӣ дар ИДМ баррасӣ мегарданд.

Ҳамчунин, ҷаласаи комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарламентии ИДМ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва хамкории байналхалқӣ ва сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон барпо мегардад.

Зимни ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони ИДМ масъалаи калидӣ баррасии амнияти иттилоотӣ дар интернет хоҳад буд.

Рӯзи 17-уми ноябр дар қароргоҳи давлатии “Ала-Арча” ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ баргузор мешавад, ки дар он дар баробари вакилони порлумон намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, олимону коршиносон ширкат мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.