“Амонатбонк” ва Бонки давлатии рушди Чин ба маблағи 100 млн юан созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд

Date:

Бонки давлатии “Амонатбонк” бо Бонки давлатии рушди Чин ба маблағи 100 млн юани чинӣ ё беш аз 13,8 млн доллари ИМА созишномаи қарзӣ ба имзо расондааст, хабар медиҳад сомонаи расмии “Амонатбонк“.

Манбаъ навиштааст, ки ин созишнома рӯзи 17-уми ноябри соли ҷорӣ аз ҷониби Сироҷиддин Икромӣ, риси КВД “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва Тан Цзюн, президенти Бонки давлатии рушди Чин ба имзо расид.

Дар хабаре, ки ин ниҳод нашр кард, гуфта мешавад, ки “ҳадафи аслии ба имзо расонидани созишномаи қарзӣ ин пешниҳоди қарзҳои хурд барои рушди соҳаи кишоварзӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, барои ворид намудани техникаву технологияҳои истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда, инчуни соҳибкороне, ки аз Ҷумҳурии Халқии Хитой молу маҳсулот ворид менамоянд, иборат мебошад”.

Манбаъ гуфтааст, ки тавассути ҳамкориҳо миёни “Амонатбонк” ва Бонки давлатии рушди Хитой то имрӯз беш аз 81,5 миллион доллари ИМА маблағ ҷудо гардида, дар ин замина 74 лоиҳаи мухталиф дар 36 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ маблағгузорӣ гардиданд.

Аз маблағҳои мазкур 35 % фоизи онҳо барои рушди соҳаи кишоварзӣ, 46 % барои рушди соҳаи саноат ва 19 % барои дастгирии соҳибкории хурду миёна равона гардидаанд. Инчунин, ба 4200 мизоҷ қарзҳои хурд ҷудо карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкории ду бонк аз соли 2008-ум инҷониб дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай ба роҳ монда шуда, миёни бонкҳо 10 Созишнома, аз ҷумла 9 Созишномаи қарзӣ ба маблағи 81,5 млн доллари ИМА, 1 Созишнома оид ба рушд додани ҳамкориҳои дуҷониба ва 1 Ёддошти тафоҳум оид ба бозомўзӣ намудани кормандони Амонатбонк, ба имзо расонида шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...