“Амонатбонк” ва Бонки давлатии рушди Чин ба маблағи 100 млн юан созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд

Бонки давлатии “Амонатбонк” бо Бонки давлатии рушди Чин ба маблағи 100 млн юани чинӣ ё беш аз 13,8 млн доллари ИМА созишномаи қарзӣ ба имзо расондааст, хабар медиҳад сомонаи расмии “Амонатбонк“. Манбаъ навиштааст, ки ин созишнома рӯзи 17-уми ноябри соли ҷорӣ аз ҷониби Сироҷиддин Икромӣ, риси КВД “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва Тан Цзюн, […]

Asia-Plus

Бонки давлатии “Амонатбонк” бо Бонки давлатии рушди Чин ба маблағи 100 млн юани чинӣ ё беш аз 13,8 млн доллари ИМА созишномаи қарзӣ ба имзо расондааст, хабар медиҳад сомонаи расмии “Амонатбонк“.

Манбаъ навиштааст, ки ин созишнома рӯзи 17-уми ноябри соли ҷорӣ аз ҷониби Сироҷиддин Икромӣ, риси КВД “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва Тан Цзюн, президенти Бонки давлатии рушди Чин ба имзо расид.

Дар хабаре, ки ин ниҳод нашр кард, гуфта мешавад, ки “ҳадафи аслии ба имзо расонидани созишномаи қарзӣ ин пешниҳоди қарзҳои хурд барои рушди соҳаи кишоварзӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, барои ворид намудани техникаву технологияҳои истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда, инчуни соҳибкороне, ки аз Ҷумҳурии Халқии Хитой молу маҳсулот ворид менамоянд, иборат мебошад”.

Манбаъ гуфтааст, ки тавассути ҳамкориҳо миёни “Амонатбонк” ва Бонки давлатии рушди Хитой то имрӯз беш аз 81,5 миллион доллари ИМА маблағ ҷудо гардида, дар ин замина 74 лоиҳаи мухталиф дар 36 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ маблағгузорӣ гардиданд.

Аз маблағҳои мазкур 35 % фоизи онҳо барои рушди соҳаи кишоварзӣ, 46 % барои рушди соҳаи саноат ва 19 % барои дастгирии соҳибкории хурду миёна равона гардидаанд. Инчунин, ба 4200 мизоҷ қарзҳои хурд ҷудо карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкории ду бонк аз соли 2008-ум инҷониб дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай ба роҳ монда шуда, миёни бонкҳо 10 Созишнома, аз ҷумла 9 Созишномаи қарзӣ ба маблағи 81,5 млн доллари ИМА, 1 Созишнома оид ба рушд додани ҳамкориҳои дуҷониба ва 1 Ёддошти тафоҳум оид ба бозомўзӣ намудани кормандони Амонатбонк, ба имзо расонида шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои кишварҳои кӯҳистони минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон аҳаммияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.