Сӯзишворӣ ёфт шуд. Дар Хуҷанд автобусҳо дубора ба кор оғоз карданд

Баъди қариб як моҳи таваққуф, ки бо сабаби гароншавӣ ва норасоии сӯзишворӣ пеш омад, дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд ва дуюмин шаҳри калони Тоҷикистон, автобусҳо дубора ба кор оғоз карданд. Имрӯз, 23–юми ноябр, Мамадқул Камолов, муовини Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии нақлиёти шаҳри Хуҷанд, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ду рӯз пеш, 21-уми ноябр, 20 адад […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Баъди қариб як моҳи таваққуф, ки бо сабаби гароншавӣ ва норасоии сӯзишворӣ пеш омад, дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд ва дуюмин шаҳри калони Тоҷикистон, автобусҳо дубора ба кор оғоз карданд.

Имрӯз, 23–юми ноябр, Мамадқул Камолов, муовини Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии нақлиёти шаҳри Хуҷанд, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ду рӯз пеш, 21-уми ноябр, 20 адад автобус ба кор оғоз карданд.

“Ҳаракати автобус бо ду сабаб – норасоии сӯзишворӣ ва ронандагон аз кор монда буд. Бо дастгирии ҳукумати шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд беш аз 40 тонна сӯзишворӣ ҷудо гардид ва маоши кормандон барои моҳҳои сентябр ва октябр пардохт карда шуд”, – гуфт Мамадқул Камолов.

Ду ҳафта пеш, як масъули ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки дар пайи гароншавии сӯзишворӣ ҳаракати автобус дар шаҳри Хуҷанд қатъ гардид.

Сокинони шаҳри Хуҷанд, махсусан хонадагони мактабу донишҷӯён аз дубора ба фаъолият пардохтани автобусҳо хушҳол шудаанд. Онҳо мегӯянд, фаъолият кардани автобусҳо мушкили ҳаракати онҳоро хеле осон мекунад.

Мафтуна Бобоева, як сокини Хуҷанд гуфт, ки чанд рӯзи охир аз набудани автобусҳо дар шаҳр азият мекашид ва ҳоло хушҳол аст, ки ин навъи нақлиёт дубора ба кор оғоз кардааст.

“Барои мо, донишҷӯён автобус ҳатман зарур аст, зеро дар ҳолати фаъолият накардани онҳо, микроавтобусҳо пуродам мешаванд ва савор шудан ба онҳо душвор мешавад”, – мегӯяд Мафтуна.

Ҳамакнун, ба қавли Мамадқул Камолов, КВД коммуналии нақлиёти шаҳри Хуҷанд бо нашри эълон тавассути телевизионҳои маҳаллӣ ронандаи автобус меҷӯяд. Зеро онҳо мақсад доранд, ки рӯзҳои наздик боз 50 адад автобус харидорӣ намоянд.

Қаблан, соли 2018, ҳукумати вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд беш аз 100 адад автобус харидорӣ карда буд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки мушкили автобус дар шаҳри Хуҷанд нав нест. Қаблан низ масъулини шаҳри Хуҷанд мушкилоти автобусҳои шаҳрро зикр карда буданд.

Аз ҷумла, Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд тобистони соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки аз сабаби гаронии нархи сӯзишворӣ ва дароз будани хатти ҳаракат автобусҳои шаҳр наметавонанд хароҷоти худро пӯшонанд.

Барои ҳалли мушкили нақлиёти ҷамъиятӣ шаҳрдории Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки 50 адад электробус низ харидорӣ намояд. Аммо онҳо кай ба кор оғоз мекунанд, ҳоло маълум нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио