Боз ду зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русияву Украина кушта шуданд. Ҷасади якеро имрӯз ба Душанбе оварданд

Субҳи имрӯз, 24-уми ноябр, ҷасади Субҳиддин Қаноатов, як зодаи Тоҷикистонро, ки дар ҷанги Русияву Укроина кушта шуд, ба ватан оварданд. Дар ин бора яке аз наздикони ин тоҷики кушташуда ба "Азия-Плюс" хабар дод. Ӯ гуфт, ин шахс Субҳиддин Қаноатови 42-сола аст, ки дар деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент ба дунё омада, зиёда аз 20 сол инҷониб дар Русия […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 24-уми ноябр, ҷасади Субҳиддин Қаноатов, як зодаи Тоҷикистонро, ки дар ҷанги Русияву Укроина кушта шуд, ба ватан оварданд. Дар ин бора яке аз наздикони ин тоҷики кушташуда ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Ӯ гуфт, ин шахс Субҳиддин Қаноатови 42-сола аст, ки дар деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент ба дунё омада, зиёда аз 20 сол инҷониб дар Русия фаъолият дошт.

Субҳиддин Қаноатов шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русияро дошт.

“Ӯро охири моҳи август ба сафи артиши Русия ҷалб карда, баъди якуним моҳи омӯзишӣ, нимаҳои моҳи октябр ба ҷанги Украина ба вилояти Харков фиристоданд. Тибқи нақли хешовандонаш ӯ разведкачӣ буд ва як гуруҳи 28 нафараро роҳбари мекарду дар сафи пеши ҷанг қарор дошт”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Манбаъ афзуд, субҳи 3-юми ноябр гурӯҳи зери роҳбарии Қановатов дар ноҳияи Изюмовский дар деҳаи Першотравнево мавриди ҳамлаи дронҳо қарор мегирад ва ҳамаи 28 нафар кушта мешаванд.

Субҳиддин Қаноатов дорандаи ордени “Барои шуҷоат” (За отвага) аст.

Аз Субҳиддин Қаноатов чор фарзанд, 2 писар ва 2 духтар боқӣ мондааст, ки калонӣ 11 сола буда, хурдӣ ҳамагӣ 4 моҳа аст.

Ҷасади ӯ имрӯз, соати 14:00, дар зодгоҳаш, деҳаи Артуч ба хок супорида мешавад.

Бояд гуфт, ки давоми ду рӯзи охир ин дуввумин хабари кушта шудан ё овардани ҷасади зодаи Тоҷикистон аз ҷанги Русияву Укроина аст.

Дирӯз, 23-юми ноябр, Радиои Озодӣ хабар дод, ки як ронандаи таксии зодаи Тоҷикистон, ки чор моҳ пеш аз ҷониби Русия ба ҷанги Украина рафта буд, кушта шудааст ва ҷасадашро дар Маскав ба наздиконаш супурдаанд.

Назрулло Ҷунайдов, сокини 43-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чор моҳ пеш тариқи даъватнома ба комиссариати ҳарбӣ даъват ва фавран ба ҷанг ҷалб шуда будааст. Ба наздиконаш гуфтаанд, ӯ рӯзи 10-уми ноябр дар Донетски Украина кушта шудааст. Ба қавли наздиконаш, ӯ аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст кашида, чанде пеш шаҳрвандии Русияро гирифта буд.

Ёдовар мешавем, ки Русия пас аз оғози ҷанг дар Украина ба таҷриҷ ба нерӯ эҳтиёҷ пайдо карда ва дар пайи ин ба ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба артиш ва ҳамин тариқ, ба ҷанг шурӯъ намуд.

Маълум нест, ки чӣ теъдод аз шаҳрвандон ё зодаҳои Тоҷикистон дар ин ҷанг иштирок доранд, вале хабаргузории ВВС дар як тадқиқоти худ навишт, ки дастикам 93 шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Русияву Укроина кушта шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио