Бори нахуст дар таърих нархи тилло то 2100 доллар барои 1 унсия боло рафт

Нархи тилло то рекорди нави таърихӣ боло рафт. Нархи фючерси тилло дар моҳи январ дар биржаи СМЕ замоне 2,89% афзуда, барои ҳар як унсия (31,104 гр.) 2140,7 долларро ташкил дод. Аз нишондиҳандаи 2100 доллар болотар барои 1 унсия тилло бори нахуст дар таърих расид. То соати 09:13 вақти Маскав муомилот бо нархи 2096,1 барои 1 […]

Asia-Plus

Нархи тилло то рекорди нави таърихӣ боло рафт. Нархи фючерси тилло дар моҳи январ дар биржаи СМЕ замоне 2,89% афзуда, барои ҳар як унсия (31,104 гр.) 2140,7 долларро ташкил дод. Аз нишондиҳандаи 2100 доллар болотар барои 1 унсия тилло бори нахуст дар таърих расид. То соати 09:13 вақти Маскав муомилот бо нархи 2096,1 барои 1 унсия (+0,75% то сатҳи баста шудани савдои пешин) сурат мегирифт, менависад РБК.

Нархҳо пас аз суханронии раиси Хадамоти федералии захиравӣ (ХФЗ) Ҷером Пауэлл боло рафтанд. Изҳороти ӯ боварии тоҷиронро тақвият дод, ки меъёр дар ИМА аввали соли оянда коҳиш хоҳад ёфт. Тибқи маълумоти FedWatch, тоҷирон 53,4% имкони 25 банди заминавӣ коҳиши аввалро аллакай дар ҷаласаи моҳи март интизорӣ доранд. Бозор ҳоло сенарияи эҳтимолии коҳиш додани меъёри ХФЗ-ро то 4-4,25% то охири соли 2024 имконпазир медонад. Айни замон он дар сатҳи 5,25-5,5% қарор дорад.

Қаблан соли 2020 нархи тилло ба ҳадди ниҳоии худ расида буд. Бино ба маълумоти Dow Jones Market Data, рекорд барои як унсия дар сатҳи 2089,2 доллар, тибқи гузориши Refinitiv – 2072,5 доллар барои як унсия ва ба иттилои Bloomberg – 2075,47 доллар барои як унсия муқаррар гардида буд. Боз як ҷаҳиши нарх дар моҳи марти соли 2022 рух дода, нархҳо дар ҳадди ниҳоии дохилӣ низ аз 2000 доллар барои як унсия боло рафтанд.

Таҳлилгарон интизорӣ доранд, ки дар соли 2024 низ нархҳо ба тилло баландтар аз 2000 доллар боқӣ монда, расидан ба нишондиҳандаҳои ниҳоии таърихӣ идома меёбад. Омилҳои имконпазирии он номуайянии геополитикӣ, заъифшавии эҳтимолии доллари ИМА ва коҳиши имконпазири меъёрҳои фоизӣ номбар шудаанд.

“Коҳиши пешбинишудаи қурби доллари ИМА ва меъёрҳои фоизӣ дар соли 2024 омили калидии мусбат барои тилло мебошанд”, – изҳор доштааст роҳбари шуъбаи стратегияи бозор, таҳқиқот дар соҳаи иқтисоди глобалӣ ва бозорҳо дар UOB Хенг Кун Хау.

Мувофиқи пешгӯии ӯ, то охири соли 2024 нархи тилло то 2200 барои 1 унсия расида метавонад.

Роҳбари шуъбаи стратегияҳо дар бозорҳои ашёи хоми TD Securities Барт Малек бар ин назар аст, ки дар семоҳаи дуюми соли 2024 нархи миёнаи тилло дар сатҳи 2100 барои 1 унсия хоҳад буд. Ба ақидаи Малек, омили асосии афзоиш харидҳо аз ҷониби бонкҳои марказии ҷаҳонӣ мешаванд. Тибқи гузориши чанде пеши  Шӯрои ҷаҳонӣ оид ба тилло (WGC), 24%-и бонкҳои марказӣ ният доранд, ки дар 12 моҳи наздик захираҳои тиллои худро зиёд кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan — 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.