Рустами Эмомалӣ ба Фаррух Ҳасанов хона тақдим кард

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбӣи ба Фаррух Ҳасанов, ғолиби озмуни телевизионии Русия – “Ну-ка, все вместе!” калиди хонаи 3-ҳуҷрагиро тақдим кард. Гуфтан ба маврид аст, ки Фаррух Ҳасанов дар озмуни овозхонии “Ну-ка, все вместе!”-и шабакаи телевизионии “Россия1” бо касби 98 овоз аз 100 овози имконпазир ғалаба ба даст овард ва 5 миллион рубл ҷоизаи асосии […]

Asia-Plus

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбӣи ба Фаррух Ҳасанов, ғолиби озмуни телевизионии Русия – “Ну-ка, все вместе!” калиди хонаи 3-ҳуҷрагиро тақдим кард.

Гуфтан ба маврид аст, ки Фаррух Ҳасанов дар озмуни овозхонии “Ну-ка, все вместе!”-и шабакаи телевизионии “Россия1” бо касби 98 овоз аз 100 овози имконпазир ғалаба ба даст овард ва 5 миллион рубл ҷоизаи асосии ин озмунро соҳиб шуд.

Фаррух Ҳасанов суруди овозхони амрикоӣ Бруно Марс “Talking to the moon”-ро иҷро кард.

Фаррух Ҳасанов пас аз гирифтани ҷоизаи асосии озмун гуфт, “ман ифтихор мекунам, ки тоҷикам! Ман нишон додам, ки тоҷикон фақат устои сохтмон нестанд. Мо ҳам боистеъдод ҳастем”.

“Ин пирӯзиро ба кишварам – Тоҷикистон мебахшам”, – бо ҳаяҷон гуфт Ҳасанов.

Фаррух Ҳасанов 20-уми июли соли 1998 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Номи ӯ ҳамчун овозхон бори аввал дар пайи роҳ ёфтанаш ба финали озмуни “Central Asia Got Talent” муаррифӣ ва маъруф шуд. Фаррух бо иҷрои сурудҳои “Утром”, “Шейла”, “Лейли” ба забони русӣ ва таронаҳои тоҷикиаш “Резаборон”, “Телефон” ва “Модар” ба дили тамошобин роҳ ёфт.

Соли гузашта Фаррух Ҳасанов дар озмуни “Tarona Music Award”-и радиои “Азия-Плюс” низ ширкат ва баранда шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио