Бозии “Истиқлол” ва “Ан-Наср” мусовӣ анҷом ёфт

Бозии даври охири марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи “Е” миёни дастаҳои “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва “Ал-Наср”-и шаҳри Риёз (Арабистони Саудӣ) рӯзи 5 декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, ки мухлисон онро хеле интизорӣ доштанд, мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Тӯби аввалро футболбози тими “Истиқлол” Алишер Ҷалилов дар қисми аввали вохӯрӣ ба ҳадаф расонида, […]

Бозии даври охири марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи “Е” миёни дастаҳои “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва “Ал-Наср”-и шаҳри Риёз (Арабистони Саудӣ) рӯзи 5 декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, ки мухлисон онро хеле интизорӣ доштанд, мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт.

Тӯби аввалро футболбози тими “Истиқлол” Алишер Ҷалилов дар қисми аввали вохӯрӣ ба ҳадаф расонида, сипас дар аввали қисми дуюм ҳамлагари дастаи “Ан-Наср” Абдураҳмон Ғариб ҳисобро баробар кард.

Пас аз анҷоми вохӯриҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаи “Истиқлол” аз ҳаққи идомаи рақобат дар марҳилаҳои минбаъдаи мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё маҳрум шуда, “Ан-Наср” ба даври дигар роҳ ёфт.

Қобили зикр аст, ки ин вохӯриро сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе дар экрани калоне, ки назди Театри опера ва балет гузошта шуда буд, низ тамошо карданд.

Мухлисони сершумори футболи Тоҷикистон иштироки ситораи футболи ҷаҳон – Криштиану Роналдуро дар ин бозӣ беқаророна интизорӣ доштанд, лекин ин футболбози маъруф ба Душанбе наомад.

Пеш аз бозӣ бошгоҳи “Истиқлол” бо такя ба маъмурияти бошгоҳи “Ан-Наср” хабар дод, ки Криштиану дар дидор бо “Персеполис”-и Эрон ҷароҳат бардошта ва то ба ҳол шифо наёфтааст.

Ба иттилои телевизиони “Варзиш” пас аз ҷароҳате, ки Роналду муқобили “Персеполис”-и Теҳрон гирифт, ҳоло пурра саломатиашро барқарор накардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.