Ба ҳар хонадони тоҷик китоби “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ тақдим мегардад

Date:

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур дод, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад.

Иқдоми мазкурро, сарвари давлат, дар шинохти дурусти гузашта ва арзишҳои фарҳангии хеш муҳиму саривақтӣ донист.

“Ман дар мулоқоту суханрониҳои худ ҳанӯз аз оғози фаъолиятам ба ҳайси роҳбари давлат борҳо иброз дошта будам, ки мо бояд кӣ будани аҷдодамон ва худамонро донем, яъне решаҳои худро шиносем, ба онҳо арҷ гузорем ва аз насли ориёӣ, яъне ориёитабор буданамон ифтихор намоем”, – зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.

Бояд гуфт, ки асари безаволи “Шоҳнома”-ро шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ дар муддати беш 30 сол навиштааст. Ин асар бузургтарин ҳамосаи ҷаҳон дониста мешавад.

Ёдовар мешавем, ки қабл аз ин китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров низ бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи халқи тоҷик аз ҳисоби Фонди захираи Президенти Тоҷикистон чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Эмомали Раҳмон ба ҳар оила дастрас гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...