Тоҷикистону Чин дар бораи ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ созишнома ба имзо расониданд

Date:

Байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин дар бораи ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ ва ҳамоҳангсозии Созишномаи ҳамкорӣ миёни марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Урумчӣ созишнома ба имзо расид.

Тавре ки маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” хабар медиҳад, созишнома рӯзи 5 декабр аз рӯи натиҷаҳои машварати ҳамоҳангсозӣ аз ҷониби директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода ва директори генералии Бюрои ташкили ҳаракати ҳавоии вилоятии Синсзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Венчи имзо шудааст.

Гуфта мешавад, ифтитоҳи долони нав натанҳо шумораи парвозҳоро миёни Тоҷикистону Чин зиёд менамояд, балки барои парвозҳои байналмилалӣ бо дигар кишварҳои ҷаҳон заминаи боэътимод фароҳам меорад.

“Ин иқдом ба ҳамкориҳо бо шарикони чинӣ дар соҳаи авиатсия байни кишварҳо такони иловагӣ бахшида, ба густариши робитаҳои байнулмилалии авиатсионӣ мусоидат мекунад”, – зикр кардаанд ҷонибҳо.

Зикр мегардад, ки ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин ба баромадани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҷалби парвозҳои транзитӣ, рушди соҳаи саноат, сайёҳӣ, ҷалби ширкатҳои хориҷӣ ба фазои Тоҷикистон мусоидат намуда, шумораи парвозҳои байналмилалиро васеъ ва робитаи авиатсиониро бо ширкатҳои хориҷӣ қавитар менамояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...