Тоҷикистону Чин дар бораи ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ созишнома ба имзо расониданд

Байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин дар бораи ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ ва ҳамоҳангсозии Созишномаи ҳамкорӣ миёни марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Урумчӣ созишнома ба имзо расид. Тавре ки маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” хабар медиҳад, созишнома рӯзи 5 декабр аз рӯи натиҷаҳои машварати ҳамоҳангсозӣ аз ҷониби директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода ва директори генералии Бюрои […]

Asia-Plus

Байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин дар бораи ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ ва ҳамоҳангсозии Созишномаи ҳамкорӣ миёни марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Урумчӣ созишнома ба имзо расид.

Тавре ки маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” хабар медиҳад, созишнома рӯзи 5 декабр аз рӯи натиҷаҳои машварати ҳамоҳангсозӣ аз ҷониби директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода ва директори генералии Бюрои ташкили ҳаракати ҳавоии вилоятии Синсзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Венчи имзо шудааст.

Гуфта мешавад, ифтитоҳи долони нав натанҳо шумораи парвозҳоро миёни Тоҷикистону Чин зиёд менамояд, балки барои парвозҳои байналмилалӣ бо дигар кишварҳои ҷаҳон заминаи боэътимод фароҳам меорад.

“Ин иқдом ба ҳамкориҳо бо шарикони чинӣ дар соҳаи авиатсия байни кишварҳо такони иловагӣ бахшида, ба густариши робитаҳои байнулмилалии авиатсионӣ мусоидат мекунад”, – зикр кардаанд ҷонибҳо.

Зикр мегардад, ки ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин ба баромадани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҷалби парвозҳои транзитӣ, рушди соҳаи саноат, сайёҳӣ, ҷалби ширкатҳои хориҷӣ ба фазои Тоҷикистон мусоидат намуда, шумораи парвозҳои байналмилалиро васеъ ва робитаи авиатсиониро бо ширкатҳои хориҷӣ қавитар менамояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио