Ба сокинони Тоҷикистон манзил намерасад. Чӣ қадар?

Аз лиҳози сохтмони манзил ҷумҳурӣ аз ҳамсоякишварҳо қафо мемонад. Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 1 млн 302,7 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст, ки 2,6% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Сохтмони манзил бештар дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд дар авҷ аст. Бино ба маълумоти Агентии омори […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Аз лиҳози сохтмони манзил ҷумҳурӣ аз ҳамсоякишварҳо қафо мемонад.

Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 1 млн 302,7 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст, ки 2,6% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Сохтмони манзил бештар дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд дар авҷ аст. Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, дар пойтахти ҷумҳурӣ зиёда аз 400 ҳазор метри мураббаъ хона сохта шудааст, ки ҳудуди 31% аз ҳаҷми умумии майдони манзилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Дар вилояти Суғд низ сохтмони манзил дар авҷ буда, дар ин ҷо 386 ҳазор метри мурббаъ хона ба истифода дода шудааст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ин нишондиҳанда ба 314 ҳазор метри мураббаъ баробар аст.

Ҳарчанд солҳои охир корҳои сохтмони манзил дар Тоҷикистон тақвият ёфта бошанд ҳам, алҳол таъмини аҳолӣ бо хона аз меъёри муқарраршуда дар қонун поинтар аст.

Таъмини аҳолӣ бо манзил дар кишвар ба ҳисоби миёна 10,9 метри мураббаъ барои 1 нафарро ташкил дода, меъёр бошад, ба 12 метри мураббаъ баробар аст.

Ба ин тариқ, аз лиҳози сатҳи таъмини аҳолӣ бо хона Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои ИДМ дар зинаи поинтар қарор дорад.

Тибқи маълумоти оморӣ то моҳи декабри соли 2023, сатҳи таъминот бо манзил дар минтақаи Осиёи Марказӣ тариқи зайл аст:

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио