Кормандони милитсияи шаҳри Панҷакент дар шимоли ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар дуздии 1 млн сомонӣ А.С.-и 27-соларо боздошт кардаанд.
Тавре ба “Азия-Плюс” роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Акбар Шарифӣ хабар дод, пулҳои як зани 52-солаи сокини шаҳраки Суғдиёни шаҳри Панҷакент дуздида шудааст. Ин зан хеши дури гумонбаршуда будааст.
Ба иттилои манбаъ, А.С. аз набудани соҳибхона истифода бурда, аз моҳи август то октябр 1 млн сомонӣ (ҳудуди 90 ҳазор доллар), 1000 доллар ва ҷавоҳироти тиллоиро дуздидааст.
Нафари боздоштшуда коргари корхонаи истихроҷи тиллои “Зарафшон” будааст.
“Баъди чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбар боздошт шуда, нисбаташ дар асоси моддаи 244, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз гардидааст”, – гуфт Акбар Шарифӣ.
Номбурда илова кард, ки қисме аз ашёи дуздидаро гумонбаршуда ба ҷабрдида баргардонидааст.




