Тоҷикистон ба Русия гулмоҳӣ содир карда, аз ин кишвар тухмии офтобпарасту лаблабу ворид мекунад

Вазирони кишоварзии Тоҷикистону Русия тавофуқ кардаанд, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба содироти гулмоҳиро аз Тоҷикистон ба Русия ва тухмии офтобпарасту лаблабуи қандро аз Русия ба Тоҷикистон ба роҳ мемонанд. Тавофуқи мазкур зимни мулоқоти Қурбон Ҳакимзода ва Дмитрий Патрушев, вазирони кишоварзии ду кишвар дар шаҳри Маскав, зимни ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия ҳосил шудааст. […]

Asia-Plus

Вазирони кишоварзии Тоҷикистону Русия тавофуқ кардаанд, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба содироти гулмоҳиро аз Тоҷикистон ба Русия ва тухмии офтобпарасту лаблабуи қандро аз Русия ба Тоҷикистон ба роҳ мемонанд.

Тавофуқи мазкур зимни мулоқоти Қурбон Ҳакимзода ва Дмитрий Патрушев, вазирони кишоварзии ду кишвар дар шаҳри Маскав, зимни ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия ҳосил шудааст.

Дафтари матбуоти вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ин ҷаласа ҳамчунин, “Харитаи роҳ”-и тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ барои солҳои 2024-2026 ба имзо расидааст.

“Дар доираи мулоқот тарафҳо масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ намуда, барои тақвияти ҳамкорӣ доир ба масъалаи воридоти тухмии офтобпараст, тухмии лаблабуи қанд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти моҳии форел ба Федератсияи Русия изҳори омодагӣ намуданд”, – гуфтааст Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.

Инчунин, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба масъалаи бозомӯзӣ, такмили ихтисоси кормандони соҳаи кишоварзӣ дар заминаи донишгоҳҳои аграрии ду давлат ба мувофиқа расиданд.

Тавофуқи содироти гулмоҳӣ аз Тоҷикистон ба Русия  дар ҳоле садо медиҳад, ки бахши моҳипарварӣ дар кишвар ба тақвият эҳтиёҷ дорад ва бахше аз бозори дохилӣ бо моҳии воридотӣ таъмин карда мешавад.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2023 дар кишвар 4 ҳазору 538,8 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст, ки 454,1 тоннаи он гулмоҳӣ мебошад.

Ба таъкиди коршиносон, эҳтиёҷоти бозори дохилӣ ба моҳӣ дар як сол тибқи меъёри давлатӣ беш аз 86 ҳазор тонна ва тибқи меъёри ҷаҳонӣ 160 ҳазор тонна мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио