Дар кадоме аз давлатҳои Осиёи Марказӣ барқ гаронтар аст?

Date:

Шурӯъ аз 1-уми январи соли 2024 дар Тоҷикистон нархи истифодаи барқ барои ҳама категорияи истеъмонкунандагон 16 дарсад афзоиш меёбад.

Яъне аз оғози соли нав истеъмолкунандагони маишӣ, яъне аҳолӣ барои ҳар киловатт – соат барқ ба ҷои 26,51 дирам (2,4 сент) 30,75 дирам (2,8 сент) пардохт хоҳанд кард.

То соли 2016 нархи барқ ​​танҳо дар солҳои ҷуфт ва баъд аз он ҳар сол боло бурда мешуданд. Истисно солҳои 2020 ва 2021 буд, ки ҳукумат бинобар оқибатҳои пандемияи COVID-19 аз ин боло бурдани нархи барқ худдорӣ кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳар замоне, ки нархи барқ дар Тоҷикистон боло бурда мешавад, раҳбарияти ширкати “Барқи тоҷик” баҳона пеш меорад, ки нархи пешинаи барқ хароҷоти истеҳсоли онро ҷуброн намепӯшонад.

Иддао пеш оварда мешуд, ки гӯё арзонтарин нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ маҳз дар Тоҷикистон фурӯхта мешавад.

Аммо арқоми расмӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин иддао дуруст нест: танҳо дар Қазоқистон қимати барқ бештар аз Тоҷикистон аст. Дар Ӯзбекистон ва Қирғизистон арзонтар аз Тоҷикистон буда, оид ба Туркманистон маълумоти эътимодбахш нест.

Ин ҳам дар ҳоле, ки дар Қазоқистону Ӯзбекистону Туркманистон 80-90 дарсади нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи ҳароратӣ истеҳмол шуда, дар Тоҷикистон 93 дарсади нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ тавлид мешавад. Арзиши барқе, ки дар неругоҳҳои барқи обӣ тавлид мешаванд, ба гуфтаи мутахассисон, назар ба барқи дар нерӯгоҳҳои барқи ҳароратӣ бамаротиб арзонтар аст.

Ҳамчунин, ҳангоми қабули қарор оид ба боло бурдани нархи барқ ҳукумат бояд қобилияти пардохтпазирии аҳолиро низ ба назар гирад: маоши миёна дар Тоҷикистон пасттарин дар минтақа мебошад.

Болоравии нархи барқ ​​бешубҳа боиси боло рафтани нархи маводи истеъмолӣ, бахусус молҳое, ки ба сабади истеъмолии маъмулӣ дохил мешаванд, мегардад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...