Дар кадоме аз давлатҳои Осиёи Марказӣ барқ гаронтар аст?

Шурӯъ аз 1-уми январи соли 2024 дар Тоҷикистон нархи истифодаи барқ барои ҳама категорияи истеъмонкунандагон 16 дарсад афзоиш меёбад. Яъне аз оғози соли нав истеъмолкунандагони маишӣ, яъне аҳолӣ барои ҳар киловатт – соат барқ ба ҷои 26,51 дирам (2,4 сент) 30,75 дирам (2,8 сент) пардохт хоҳанд кард. То соли 2016 нархи барқ ​​танҳо дар солҳои […]

Шурӯъ аз 1-уми январи соли 2024 дар Тоҷикистон нархи истифодаи барқ барои ҳама категорияи истеъмонкунандагон 16 дарсад афзоиш меёбад.

Яъне аз оғози соли нав истеъмолкунандагони маишӣ, яъне аҳолӣ барои ҳар киловатт – соат барқ ба ҷои 26,51 дирам (2,4 сент) 30,75 дирам (2,8 сент) пардохт хоҳанд кард.

То соли 2016 нархи барқ ​​танҳо дар солҳои ҷуфт ва баъд аз он ҳар сол боло бурда мешуданд. Истисно солҳои 2020 ва 2021 буд, ки ҳукумат бинобар оқибатҳои пандемияи COVID-19 аз ин боло бурдани нархи барқ худдорӣ кард.

Ҳар замоне, ки нархи барқ дар Тоҷикистон боло бурда мешавад, раҳбарияти ширкати “Барқи тоҷик” баҳона пеш меорад, ки нархи пешинаи барқ хароҷоти истеҳсоли онро ҷуброн намепӯшонад.

Иддао пеш оварда мешуд, ки гӯё арзонтарин нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ маҳз дар Тоҷикистон фурӯхта мешавад.

Аммо арқоми расмӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин иддао дуруст нест: танҳо дар Қазоқистон қимати барқ бештар аз Тоҷикистон аст. Дар Ӯзбекистон ва Қирғизистон арзонтар аз Тоҷикистон буда, оид ба Туркманистон маълумоти эътимодбахш нест.

Ин ҳам дар ҳоле, ки дар Қазоқистону Ӯзбекистону Туркманистон 80-90 дарсади нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи ҳароратӣ истеҳмол шуда, дар Тоҷикистон 93 дарсади нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ тавлид мешавад. Арзиши барқе, ки дар неругоҳҳои барқи обӣ тавлид мешаванд, ба гуфтаи мутахассисон, назар ба барқи дар нерӯгоҳҳои барқи ҳароратӣ бамаротиб арзонтар аст.

Ҳамчунин, ҳангоми қабули қарор оид ба боло бурдани нархи барқ ҳукумат бояд қобилияти пардохтпазирии аҳолиро низ ба назар гирад: маоши миёна дар Тоҷикистон пасттарин дар минтақа мебошад.

Болоравии нархи барқ ​​бешубҳа боиси боло рафтани нархи маводи истеъмолӣ, бахусус молҳое, ки ба сабади истеъмолии маъмулӣ дохил мешаванд, мегардад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.