Тоҷикистон барои таҳкими бахши молиявӣ ва энергетикӣ аз Бонки Ҷаҳонӣ 71 миллион доллар дарёфт хоҳад кард

Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ барои таъмини молии се тарҳи калидӣ ба маблағи 71 миллион доллар созишномаи грантӣ имзо карданд. Вазорати молияи кишвар хабар медиҳад, ки созишномаҳоро Файзиддин Қаҳхорзода, вазири молияи кишвар ва намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон – ҷаноби Озан Севимлӣ имзо кардаанд. Гуфта мешавад, ки ҳадафи асосии лоиҳаи “Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ” […]

Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ барои таъмини молии се тарҳи калидӣ ба маблағи 71 миллион доллар созишномаи грантӣ имзо карданд.

Вазорати молияи кишвар хабар медиҳад, ки созишномаҳоро Файзиддин Қаҳхорзода, вазири молияи кишвар ва намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон – ҷаноби Озан Севимлӣ имзо кардаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи асосии лоиҳаи “Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ” таҳкими низоми суғуртаи пасандозҳо, қарздиҳии бонкӣ ба корхонаҳои хурду миёна ва мусоидат ба ҳамгироии корхонаҳои хурду миёна ба занҷирҳои арзиш мебошад.

Маблағи лоиҳаи мазкур 37,2 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил медиҳад, ки он ба 50,0 млн доллари амрикоӣ баробар буда, аз ҳисоби гранти Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд маблағгузорӣ мегардад.

Мақсади маблағгузории иловагии лоиҳаи “Минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA – 1000” интиқоли барқи изофа Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фасли тобистон Афғонистон ва Покистон мебошад. Ҳамчунин, лоиҳаи мазкур ба коркарди механизмҳои савдои нерӯи барқ ва ташкили бозори минтақавии нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мусоидат хоҳад кард.

Арзиши умумии маблағгузории иловагии лоиҳаи мазкур 11,0 млн доллари амрикоиро ташкил дода, аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ҳамчун маблағҳои грантӣ пешниҳод гардидааст.

Мақсади маблағгузории иловагии “CASA-1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа” баланд бардоштани сифат ва вусъат бахшидани дастрасӣ ба хизматрасониҳои таъминоти барқ, инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ ва мусоидат дар самти пурзӯр намудани иқтидори худидоракунии маҳаллӣ дар ҷамоатҳои фарогири ҳудуди лоиҳа ба ҳисоб меравад.

Арзиши умумии маблағгузории иловагии лоиҳаи зикршуда 10,0 млн доллари амрикоӣ мебошад, ки он аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ҳамчун маблағҳои грантӣ пешниҳод гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.