Дар Петербург наврасонеро, ки ба муҳоҷирон дармеафтоданд, боздошт карданд

Date:

Мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербург ду наврасеро, ки дар ҳамла ба кӯчарӯбон гумонбар дониста мешаванд, боздошт карданд, хабар додаанд дар хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград.

Кормандони Маркази минтақавии муқовимат бо ифротгароӣ (экстремизм) сабти видеои ҳамлаҳо ба кӯчарӯбонро пайдо карда, дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ ду навраси 16-соларо боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, ҳамлаҳо дар давраи аз 15 то 20 декабр сурат гирифтаанд.

“Аз рӯи ин делелҳо мақомоти тафтишоти пулис мутобиқи моддаи 213 КҶ ФР (авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз намуд”, – омадааст дар хабари мақомоти пулиси Санкт-Петербург.

Дар хадамоти матбуот зикр кардаанд, ки аз ҳамлаҳои наврасон ду зан ва се мард осеб дидаанд. Ба истинои як зани ҷабрдида, боқимонда зодагони кишварҳои хориҷи наздик мебошанд.

Тавре ки “Фонтанка” хабар медиҳад, наврасон худашон Telegram-канал таъсис дода, сабтҳои видеоии ҳамлаҳояшонро нашр мекардаанд.

Дар ҳамлаҳои худ онҳо ба рӯйи кормандони хадамоти коммуналӣ аз баллонча маҳлуле пошида, пас аз ин онҳоро мавриди лату кӯб қарор медодаанд. Ба иттилои манбаъ, мақомоти пулис инчунин навраси 14-солаи хонандаи синфи 8-умро низ ба сифати шоҳид боздошт кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...