Эмомалӣ Раҳмон ба Санкт-Петербург сафар кард

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт – Петербурги Русия сафар кард. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси ҷумҳури кишвар хабар медиҳад. Нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ рӯзи 26-уми декабр баргузор мешавад. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ёрдамчии раиси ҷумҳур оид […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт – Петербурги Русия сафар кард. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси ҷумҳури кишвар хабар медиҳад.

Нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ рӯзи 26-уми декабр баргузор мешавад.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ёрдамчии раиси ҷумҳур оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Бояд гуфт, ки дар хусуси нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия чанде пештар, зимни ироаи паёми видеоии худ ба сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ, хабар дода буд.

Зикр мегардад, ки дар ин нишаст сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил масъалаҳои мубрами рӯзмарраро дар фазои ғайрирасмӣ муҳокима хоҳанд кард.

Нишасти мазкур анъанавӣ буда, солҳои гузашта низ баргузор шудааст. Аз ҷумла соли гузашта, рӯзҳои 26-27-уми декабр низ сарони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот карда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио