Фонди саудии рушд ба Тоҷикистон 20 млн доллар қарз медиҳад

Тоҷикистон аз Фонди Саудии рушд барои сохтмону муҷаҳҳазгардонии қариб 20 мактаб дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ 75 млн риёли саудӣ ё 20 млн доллари америкоӣ “бо шартҳои имтиёзии баланд” қарз мегирад. Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои миёна, марҳилаи 5” байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушдро […]

Asia-Plus

Тоҷикистон аз Фонди Саудии рушд барои сохтмону муҷаҳҳазгардонии қариб 20 мактаб дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ 75 млн риёли саудӣ ё 20 млн доллари америкоӣ “бо шартҳои имтиёзии баланд” қарз мегирад.

Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои миёна, марҳилаи 5” байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушдро Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябр имзо кард ва се рӯз пеш- 22-юми декабр парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расонд.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар шарҳи созишномаи мазкур дар назди вакилон гуфт,  қарз “бо шартҳои имтиёзии баланд”, яъне ба муддати 25 сол бо 1,5 фоизи солонаи хидматрасонӣ гирифта мешавад

“Садои мардум” нашрияи расмии парлумони Тоҷикистон аз қавли вазири молия навиштааст, ки ҳадафи лоиҳа “сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии 19 мактаб, 2 бинои маъмурии соҳаи маориф дар 18 шаҳру ноҳияи вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошад”.

Лоиҳа аз 3 қисм иборат буда, аз соли 2024 оғоз ва то соли 2028 амалӣ мешавад.

Файзиддин Қаҳҳорзода дар яке аз ҷаласаҳои парлумон дар моҳи ноябр гуфта буд, ки то 1-уми октябри соли 2023 ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон 3,6 млрд. доллари амрикоӣ ё 30,8 фоизи ММД-ро ташкил менамояд, ки аз он 3,2 млрд. доллари амрикоӣ ё 89 фоиз қарзи берунаи давлатӣ ва 0,4 млрд. доллари амрикоӣ ё 11 фоиз қарзи дохилӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио