Заминларзаи шадид дар Ҷопон. Теъдоди қурбониён меафзояд

Бар асари заминларзаи шадид дар Ҷопон дастикам 30 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. BBC менависад, ки мақомот аз хисороти зиёд ва талафоти зиёд ҳушдор медиҳанд – миқёси фоҷеа баъди расидани наҷотдиҳандагон ба манотиқи осебдида муфассал арзёбӣ мешавад. Нахуствазири Ҷопон Фумио Кишида рӯзи 2-юми январ аз “талафоти  зиёд” хабар дода наҷоти бозмондагонро аз зери харобаҳо […]

Asia-Plus

Бар асари заминларзаи шадид дар Ҷопон дастикам 30 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шудаанд.

BBC менависад, ки мақомот аз хисороти зиёд ва талафоти зиёд ҳушдор медиҳанд – миқёси фоҷеа баъди расидани наҷотдиҳандагон ба манотиқи осебдида муфассал арзёбӣ мешавад.

Нахуствазири Ҷопон Фумио Кишида рӯзи 2-юми январ аз “талафоти  зиёд” хабар дода наҷоти бозмондагонро аз зери харобаҳо “мусобиқа бо вақт” номид.

Рӯзи душанбе дар маркази Ҷопон дар наздикии нимҷазираи Ното дар вилояти Исикава заминҷунбии 7,6 дараҷаӣ рух дод. Биноҳои зиёд хароб ва даҳҳо ҳазор нафар одамон бе барқ монданд.

Ба гуфтаи ҳукумати Ҷопон, беш аз 97 000 нафар дастури кӯчбандӣ гирифта, шабро дар толорҳои варзишӣ ва мактабҳо, ки ҳамчун марказҳои кӯчи изтирорӣ истифода мешаванд, сипарӣ кардаанд.

Фумио Кишида, нахуствазири Ҷопон гуфтааст, ки шоҳроҳҳои асосӣ дар минтақаи заминларза бар асари тӯфони шадид осеб дидаанд ва ба талошҳои наҷоти низомиён монеъ шудааст.

“Нерӯҳои худмуҳофизатӣ барои расидан ба минтақаҳои офатзада бо мушкили зиёд рӯбарӯ хоҳанд шуд, зеро хатсайрҳо қатъ шудаанд, аммо бояд ҳарчӣ зудтар пеш аз фурӯ рехтани биноҳо одамоне, ки дар биноҳо дармонда буданд, наҷот дода шаванд”, – гуфтааст ӯ.

Шабакаи телевизионии NHK хабар дод, ки табибон, аз ҷумла, натавонистаанд ба бемористони шаҳри аз офати табиӣ осебдидаи Сузуи вилояти Исикава бирасанд.

Пас аз заминларза мақомот дар Исикава хатари сунамӣ эълон карданд, вале баъдан ҳама огоҳиҳо лағв шуданд.

Агентии обуҳавошиносии Ҷопон гуфтааст, ки аз субҳи рӯзи душанбе дар Ҷопон 155 заминҷунбӣ ба шиддатҳои гуногун рух додааст, ки аз ҳама зиёди онҳо 7,6 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.