Вазири Толибон: “Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва садҳо тани дигар боздошт шудаанд”

Муҳаммад Яъқуб Муҷоҳид, иҷрокунандаи вазифаи вазири дифои Афғонистон гуфтааст, дар ҳамлаҳое, ки ба “масҷидҳо, хонақоҳо, мактабҳои динӣ ва уламои динӣ” дар Афғонистон сурат гирифтааст, шаҳрвандони хориҷӣ, бахусус шаҳрвандони Тоҷикистон даст доранд. Муҷоҳид ин изҳоротро рӯзи якшанбе, 31-уми декабр, дар як нишаст дар Кобул баён доштааст. Рӯзномаи “8 субҳ” аз қавли Муҳаммад Яқуб Муҷоҳид менависад, ки […]

Муҳаммад Яъқуб Муҷоҳид, иҷрокунандаи вазифаи вазири дифои Афғонистон гуфтааст, дар ҳамлаҳое, ки ба “масҷидҳо, хонақоҳо, мактабҳои динӣ ва уламои динӣ” дар Афғонистон сурат гирифтааст, шаҳрвандони хориҷӣ, бахусус шаҳрвандони Тоҷикистон даст доранд.

Муҷоҳид ин изҳоротро рӯзи якшанбе, 31-уми декабр, дар як нишаст дар Кобул баён доштааст.

Рӯзномаи “8 субҳ” аз қавли Муҳаммад Яқуб Муҷоҳид менависад, ки дар 12 моҳи гузашта даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи Толибон* бо иттиҳомоти мухталиф кушта ва садҳо тани дигар боздошт шудаанд.

Аммо ӯ арқоми дақиқи кушташудаву боздоштгардидагон ва ҳам ҳуввияти онҳоро ошкор накардааст.

Ҳамчунин Муҳаммад Яъқуби Муҷоҳид гуфтааст, шаҳрвандони Покистон низ дар ташкили ҳамлаҳои зиёде дар Афғонистон ширкат доштаанд.

“Бештар аз 20 покистонӣ дар амалиёти нерӯҳои мо кушта шуданд ва садҳо тани дигар боздошт гардиданд”, – гуфтааст ӯ.

Дар робита ба ин Муҷоҳид аз кишварҳои минтақа хостааст, ки “марзҳои заминӣ ва ҳавоии худро ба таври ҷиддӣ назорат кунанд”.

То кунун мақомоти Тоҷикистон ба ин изҳороти иҷрокунандаи вазифаи вазири дифои Афғонистон вокуниш накардаанд, аммо дар гузашта ҳамеша аз ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар ва кӯшиши убури марз аз ҷониби ҷангҷӯёни ин гуруҳҳо нигаронӣ карда буданд.

Аз ҷумла, моҳи апрели соли 2023 Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) аз кӯшиши рахна кардани марз аз тарафи гуруҳҳои ҷангҷӯ аз ҷониби Афғонистон хабар дода буд.

Моҳи сентябри соли 2023 бошад боз ҳам КДАМ хабар дод, ки се нафар аъзои гурӯҳи террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ”*, ки мехостанд дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд безарар гардонида шуданд.

Гуруҳи “Ансоруллоҳ” дар Тоҷикистон террористӣ эътироф шуда, дар Афғонистон амал мекунад ва асосан аз зодагони Тоҷикистон таркиб ёфтааст.

Расонаҳои Афғонистон менависанд, ки баъзе аз қитъаҳои марзи Афғонистон бо Тоҷикистонро ин гурӯҳ назорат мекунад. Вале Толибон ин хабарҳоро шарҳ надодаанд.

Рӯзномаи “8 субҳ” менависад, ки теъдоди зиёди ҷиҳодгароёни минтақа бо хонаводаҳои худ дар Афғонистон зери чатри Толибон ҳузури фаъол доранд ва ҳудуди 300 хонаводаи аъзои гурӯҳҳои терористии “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” ва “Ансоруллоҳ” дар шимолу шарқ, бахусус дар Бадахшон зиндагӣ мекунанд.

Ба иттилои ин рӯзнома манобеъи огоҳ дар шарқи Афғонистон низ таъйид мекунанд, ки ҳазорон хонаводаи ҷангҷӯёни “Таҳрики Толибони Покистон” зери ҳукмронии Толибон ба сар мебаранд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.