Дар кадом ҳолатҳо ба муҳоҷирони тоҷик ҷазои ихроҷ таҳдид мекунад ва дар кадом вақт – ҷарима?

Аз ҷониби муҳоҷирон вайрон кардани қонунгузории кишвар дар як қатор ҳолатҳо ба ихроҷи онҳо боис шуда метавонад. Шаҳрванди хориҷӣ метавонад ғайриқонунӣ кор кунад, барои будубошаш дар кишвар ҳуҷҷатҳои дахлдор надошта бошад, муҳлати ҳузурашро гузаронад ва ғайра. Ихроҷ оқибатҳои вазнин дорад, зеро вуруд ба Русия метавонад ба муҳлати 5 ё ҳатто 10 сол манъ карда шавад. […]

Алина Валамат-Зода, Asia-Plus

Аз ҷониби муҳоҷирон вайрон кардани қонунгузории кишвар дар як қатор ҳолатҳо ба ихроҷи онҳо боис шуда метавонад. Шаҳрванди хориҷӣ метавонад ғайриқонунӣ кор кунад, барои будубошаш дар кишвар ҳуҷҷатҳои дахлдор надошта бошад, муҳлати ҳузурашро гузаронад ва ғайра. Ихроҷ оқибатҳои вазнин дорад, зеро вуруд ба Русия метавонад ба муҳлати 5 ё ҳатто 10 сол манъ карда шавад.

Аммо дар моҳи декабри соли ҷорӣ Думаи давлатӣ тағйиротеро қабул кард, ки мутобиқи он дар баъзе мавридҳо қарори ихроҷи муҳоҷирон бо ҷазои сабуктар – ҷарима иваз шуда метавонад. Дар кадом ҳолатҳо ин имконпазир аст ва маблағи ҷарима чӣ қадар шуда метавонад?

Қоидаи нав аллакай амал мекунад?

Ҳоло не. Айни замон ба лоиҳаи қонун “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” тағйироти дахлдор ворид гардида, он дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Маълум нест, ки қонун кай мавриди амал қарор мегирад, зеро муҳлати хеле зиёд – аз соли 2017 баррасӣ мешавад.

Аммо ахиран фаъолона ба такмили лоиҳаи қонуни “фаромӯшшуда” пардохта, онро ба қироати дуюм пешниҳод карданд. Яъне то қабули лоиҳаи қонун на он қадр зиёд марҳилаҳои расмӣ боқӣ мондаанд.

Дар кадом ҳолатҳо  қарори ихроҷ ба ҷарима иваз шуда метавонад?

Агар қарор дар бораи ихроҷ ба назари додрас ҷазои хеле сахт ва ба ҳадафҳои ҷазои маъмурӣ номутаносиб ба назар расад, ӯ метавонад онро ба ҷарима иваз кунад.

Чунин ибораи норавшан кафолат намедиҳад, ки додрас хашми худро ба раҳм табдил медиҳад. Аммо ҳоло муҳоҷирон имкон доранд, ки додрасро ба софдилиашон ва “як бор содир шудан”-и ҷиноят бовар кунонанд.

Масалан, ин метавонад бо роҳи пешниҳоди далелҳо дар бораи софдилона пардохтани андозҳо, рафтори риояи қонун, мавҷудияти манзил ва ғайра анҷом дода шавад. Аз ин рӯ, агар ба шумо баррасии судӣ таъин карда шавад, тавсия медиҳем, ки ба он пешакӣ омода шавед ва ҳама ҳуҷҷатҳоеро ҷамъ кунед, ки робитаи наздики шуморо бо кишвар ва риояи қонун тасдиқ кунанд.

Оё маҳз барои чӣ ба шумо таҳдид кардани ихроҷ аҳаммият дорад?

Бале. Дар тағйирот як қатор моддаҳое пешбинӣ шудааст, ки барои риоя накардани онҳо ихроҷро наметавон бо ҷарима иваз кард. Ин ба тарғиби муносибатҳои ғайрианъанавӣ ва дигар кардани ҷинс ё саркашии шаҳрванди хориҷӣ аз ихроҷ марбут аст.

Чӣ қадар ҷарима таъин карда метавонанд?

Қарори ихроҷро метавонанд ба ҷарима аз 40 то 50 ҳазор рубл ё худ корҳои ҳатмӣ (маҷбурӣ) ба муҳлати аз 150 то 200 соат иваз кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.