Теъдоди қурбониёни таркишҳо дар Эрон ба беш аз 100 нафар расид

Бар асари таркишҳо дар маросими солгарди ёдбуди фармондеҳи Неруҳои таъиноти махсуси “Ал-Қудс”-и сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон генерал Қосим Сулаймонӣ дар макони дафнаш, оромгоҳи Гулзори Шуҳадои музофоти Кирмон 103 нафар ҳалок шуданд. Дар ин бора хабаргузории Tasnim иттилоъ медиҳад. Шумори маҷруҳон ба 188 нафар расидааст.  Ба иттилои хабаргузории ТАСС бо истинод ба расонаҳои Эрон, бар асари […]

Asia-Plus

Бар асари таркишҳо дар маросими солгарди ёдбуди фармондеҳи Неруҳои таъиноти махсуси “Ал-Қудс”-и сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон генерал Қосим Сулаймонӣ дар макони дафнаш, оромгоҳи Гулзори Шуҳадои музофоти Кирмон 103 нафар ҳалок шуданд. Дар ин бора хабаргузории Tasnim иттилоъ медиҳад. Шумори маҷруҳон ба 188 нафар расидааст. 

Ба иттилои хабаргузории ТАСС бо истинод ба расонаҳои Эрон, бар асари ин ҳодиса ҳамчунин 211 нафари дигар осеб дида, вазъи солимии 27 нафари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад. Ин хабаргузорӣ аз ҳалокати 95 нафар ва осеби 211 нафар маълумот медиҳад.

Мақомот ин ҳодисаро амали террористӣ арзёбӣ намуданд.

Дар ин маросим ду таркиш ба вуқӯъ пайваст. Таркиши аввал 700 метр дуртар аз қабри Сулаймонӣ ва дуюмаш – дар масофаи тақрибан 1 километр дуртар аз он ба амал омадааст, ки дар натиҷа 95 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ниҳоди ҳолатҳои фавқулодаи Эрон хабар дод, ки миёни қурбониён 6 нафар кӯдакон ҳам ҳастанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, инчунин 211 каси дигар маҷруҳ шудаву осеб диданнд.

Ҳукумати Эрон 4 январро рӯзи мотами умумимиллӣ эълон кард. Президенти ин кишвар Иброҳим Раисӣ ваъда дод, ки гунаҳкорон ҷазо хоҳанд гирифт.

Ёдрас мекунем, ки генерал Сулаймонӣ рӯзи 3 январи соли 2020 бар асари ҳамлаи мушакии Неруҳои ҳарбии ҳавоии ИМА дар мавзеи назди фурудгоҳи Бағдод кушта шуд. Ин ба зарбаи ҷавобии Эрон ба ду иншоот бо низомиёни амрикоӣ шаби 8 январ боис гардида, вазъият дар Ховари Миёнаро муташанниҷ кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.