Дар Русия як блогери тоҷик боздошт шудааст

Кумитаи тафтишотии Русия ба зидди як блогер аз Тоҷикистон ба гумони “барангехтани бадбинӣ ва паст задани шаъну шараф” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ин бораи телеграм-канали ин ниҳод хабар медиҳад. Аз блогери тоҷик Салмон Ҷумъабой ном гирифта мешавад, ки дар шаҳри Маскави Русия дастгир шудааст. Ба иттилои тафтишот, Салмон Ҷумъабой “дар пайи муносибатҳои душманона бо […]

Asia-Plus

Кумитаи тафтишотии Русия ба зидди як блогер аз Тоҷикистон ба гумони “барангехтани бадбинӣ ва паст задани шаъну шараф” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ин бораи телеграм-канали ин ниҳод хабар медиҳад.

Аз блогери тоҷик Салмон Ҷумъабой ном гирифта мешавад, ки дар шаҳри Маскави Русия дастгир шудааст.

Ба иттилои тафтишот, Салмон Ҷумъабой “дар пайи муносибатҳои душманона бо як гурӯҳ аз шаҳрвандони Русия” навореро бо нишонаҳои “таҳқири шаъну шарафи духтарони дорои чеҳраи славянӣ” таҳия карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштааст.

Саҳифаҳои “Осторожно, новости” ва “Shot” дар Телеграм навиштаанд, ки блогер ин наворро моҳи декабри соли гузашта нашр карда, дар он гуфтааст, “ба зудӣ ҳамаи духтарони рус аз мо мешаванд”.

Худи блогер мегӯяд, садо ба ӯ тааллуқ надорад ва дар давоми кори худ ба касе бадӣ ё ба ангехтани бадбинии миллӣ даъват накардааст.

Аз ин пеш раиси Кумитаи тафтишотии Русия, Александр Бастрикин, дастур дод, ки наворҳои ба гуфтаи ӯ “таҳқиромез ва бадномкунанда”-ро дар бораи духтарони рус бисанҷанд. Ӯ аз касе ном набурд.

Дар робита ба ҳодисаи мазкур назари мақомоти тоҷик маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки ду сол қабл додгоҳи Маскав Кароматулло Ҷабборов, блогнависи тоҷик ва иштирокчии “саҳнаи шӯхӣ” дар бораи коронавирус дар метрои Маскавро ба ду солу чаҳор моҳ равонаи зиндон карда буд.

Блогнависи дигари тоҷик Руслан Бобиев барои эҷоди аксҳои ҷанҷоловар дар назди калисои Василий дар Маскав ба даҳ моҳи зиндон маҳкум шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио