Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Туркия дар чӣ бора суҳбат карданд?

Имрӯз, 10-уми январ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳақан Фиданро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот аз раванди кунунии рушди робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, тавсеаи минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба ва дарозмуддати дуҷонибаро ҷавобгӯи манфиатҳои кишварҳо арзёбӣ намудааст. Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ таҳкими бештари […]

Asia-Plus

Имрӯз, 10-уми январ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳақан Фиданро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот аз раванди кунунии рушди робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, тавсеаи минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба ва дарозмуддати дуҷонибаро ҷавобгӯи манфиатҳои кишварҳо арзёбӣ намудааст.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ таҳкими бештари ҳамкориҳоро дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн,  махсусан, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зарур  шуморидаанд.

Гуфта мешавад, рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноат ва сармоягузорӣ аз самтҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар номида шуд.

“Таъкид гардид, ки фаъолияти муназзами Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва баргузории форумҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои молҳои истеҳсолии ду кишвар метавонад василаи барчастаи пешбурди ҳамкориҳои дуҷониба бошад” – , хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳақан Фидан оид ба рушду густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ низ табодули афкор намудаанд.

Аз ҷумла ҷонибҳо аз баргузории рӯзҳои фарҳангии кишварҳо дар қаламрави ҳамдигар изҳори пуштибонӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот дигар масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Туркия низ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ва Фаластин андешаронӣ кардаанд.

Қабл аз мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон, Ҳақан Фидан ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯстӣ гулчанбар гузошт.

Ёдовар мешавем, ки шоми 9-уми январ Ҳақан Фидан бо даъвати ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин бо як сафари расмӣ ба Душанбе омад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.