Як тоҷик дар Новосибирск мошинҳои арзишаш ҳудуди 1,4 млн доллари корфармои русашро сӯзонидааст

Додгоҳи ноҳияи Заелсовои Новосибирск рӯзи 10 январ шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон Қосимҷон Ҳоҷибоевро ба 5 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. Ӯ дар даст доштан ба дуздӣ ( модд. 158, қ.2, б. “б” КҶ ФР) ва қасдан нобуд кардан ё зарар расонидан ба амволи бегона (модд. 167, қ.2 КҶ ФР) гунаҳкор дониста шудааст. Тавре ки precedent.tv […]

Asia-Plus

Додгоҳи ноҳияи Заелсовои Новосибирск рӯзи 10 январ шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон Қосимҷон Ҳоҷибоевро ба 5 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. Ӯ дар даст доштан ба дуздӣ ( модд. 158, қ.2, б. “б” КҶ ФР) ва қасдан нобуд кардан ё зарар расонидан ба амволи бегона (модд. 167, қ.2 КҶ ФР) гунаҳкор дониста шудааст.

Тавре ки precedent.tv хабар медиҳад, додгоҳ ӯро дар оташзании 10 мошини гаронбаҳое, ки ба оилаи пойгарони автомашинаҳо (автогонщик) Дмитрий Матвеев тааллуқ доштанд, айбдор донистааст.

Сӯхтор дар гаражи роҳи Дачний шаби 9 феврали соли 2023 рух додааст. Дар ҷараёни тафтишот маълум шудааст, ки ин мард дар хонаи Матвеев кор карда, аз пули пардохти кораш норозӣ будааст ва тасмим гирифтааст, ки корфарморо “ҷазо медиҳад”. Аз зарф бензин гирифта, онро ба як автомобил мепошад ва оташ мезанад. Сипас дучарха (велосипед)-и назди гаражро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Дар натиҷа 10 мошин, инчунин масолеҳи сохтмони гараж ва таҷҳизоти коммуникатсионии хона сӯхтаанд.

Автомашинаҳо ба фирмаи тоҷир ва аъзои оилаи ӯ тааллуқ доштаанд. Мошинҳои Bentley Bentaygа (16,2 млн), Bentley Continental (17,3 млн), 2 Mercedes-Benz AMG (ҳар кадоме 16,4 млн), Lexus LX (5,8 млн), Toyota Land Cruiser-300 (9,2 млн), BMW X5 (13,6 млн) ва Dodge Ram (8,4 млн) қариб пурра сӯхтаанд.  

Ду мошини дигари тамғаи хориҷии Porsche 911 ва Mercedes-Benz  нисбатан камтар осеб дида, лекин қисмати зиёди ҷойҳояшон низ сӯхтааст. Ҳамчунин чизу амволи гаронбаҳои соҳибони гараж дар дохили автомашинаҳо низ ба коми оташ рафтааст. Ғайр аз ин, сӯхтор ба коммуникатсияҳои техникии хона зарар расонидааст.

Маблағи умумии зарар 123 млн рубл (ҳудуди 1,4 млн доллар)-ро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.