Ташрифи як гурӯҳи соҳибкорони Русия ба вилояти Суғд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода як гурӯҳи соҳибкорони Русия – аъзои Палатаи савдо ва саноати Русияро, ки барои шиносоӣ бо вазъи иқтиоди минтақа ва роҳандозии ҳамкориҳо ба вилоят омада буданд, ба ҳузур пазируфт. Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, Раҷаббой Аҳмадзода ба меҳмонон доир ба вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ […]

Asia-Plus

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода як гурӯҳи соҳибкорони Русия – аъзои Палатаи савдо ва саноати Русияро, ки барои шиносоӣ бо вазъи иқтиоди минтақа ва роҳандозии ҳамкориҳо ба вилоят омада буданд, ба ҳузур пазируфт.

Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, Раҷаббой Аҳмадзода ба меҳмонон доир ба вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ маълумот дод.

Зикр шуд, ки дар вилояти Суғд 1100 корхонаи хурду бузург фаъолият дошта, дар соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 26 млрд 51,9 млн. сомонӣ баробар гардид.

“Танҳо дар соли 2023 ба иқтисодиёти вилоят 194,2 млн. доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ, аз ҷумла, 124,2 млн. доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд”, – изҳор дошт раиси вилоят.

Гуфта мешавад, дар ҳайати Русия Бобоҷон Шарифов, намояндаи Палатаи савдо ва саноати Русия дар Тоҷикистон, роҳбарони ширкатҳои истеҳсолиии Русия Шариф Абдуллоев, Алим Долаев, Владимир Маркин, Юрий Комаровский ва Валерий Клупов ҳузур доштанд.

Таъкид шуд, ки доираҳои тиҷоратии вилояти Суғд бо шарикони худ аз Русия ҳамкориҳои мутақобилан судманд дошта, як қатор лоиҳаҳои муштаракро амалӣ намудаанд.

“Имкониятҳои истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёд буда, вилояти Суғд метавонад дар бунёди корхонаҳои нав, коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, коркарди мева ва сабзавот, коркарди пашму пӯст, саноати дорусозӣ, металлургия бо шарикони рушд ҳамкорӣ намояд”, – таъкид дошт Аҳмадзода.

Соҳибкорони Русия ба роҳандозии ҳамкориҳои судманд ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.