Додгоҳе дар Қирғизистон 11 рӯзноманигорро ба ҳабс гирифт

Ҳамаи рӯзноманигоронеро, ки ду рӯз пеш ба идораи мақомоти қудратии Қирғизистон бурда буданд, барои ду моҳ ба ҳабс гирифтанд. Хабаргузории 24kg менависад, ки додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ҳамаи рӯзноманигорони собиқ ва кунунии тарҳи “Temirov LIVE”-ро ду моҳ ҳабс кард. Аз ҷумла, додгоҳ раҳбари ин расона Муҳаббат Тоҷибек қизӣ, хабарнигорони нашрия Айке Бейшекеева, Сапар […]

Asia-Plus

Ҳамаи рӯзноманигоронеро, ки ду рӯз пеш ба идораи мақомоти қудратии Қирғизистон бурда буданд, барои ду моҳ ба ҳабс гирифтанд.

Хабаргузории 24kg менависад, ки додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ҳамаи рӯзноманигорони собиқ ва кунунии тарҳи “Temirov LIVE”-ро ду моҳ ҳабс кард.

Аз ҷумла, додгоҳ раҳбари ин расона Муҳаббат Тоҷибек қизӣ, хабарнигорони нашрия Айке Бейшекеева, Сапар Акунбеков, Оқил Оразбеков, Укул Тоҷибек уулу, Ҷумабек Турдалиев, Акин Азамат Ишенбеков, хабарнигори собиқи ин нашрия Ҷодар Бузумовро ба ҳабс гирифт. Рӯзноманигори нашрияи пажӯҳишии “ПолитКлиника” Тинистон Асипбеков, собиқ рӯзноманигори “TemarovLive” ва муҳаррири феълии “Арча Медиа” Сайпидин Султоналиев ва собиқ хабарнигори ин нашрия ва ҳоло мудири расонаии он Актилек Капаров низ ба ҳабс гирифта шуданд.

Бино ба қарори додгоҳ, рӯзноманигорон то 13-уми март дар боздоштгоҳ мемонанд.

Гуфта мешавад, ки парвандаи 11 рӯзноманигори боздоштшударо 20 муфаттиш таҳқиқ мекунанд. Онҳо ба баднома кардани мақомоти давлатӣ муттаҳам мешаванд.

Ҳамаи боздоштшудаҳо бо иттиҳоме, ки алайҳашон эълом шудааст, розӣ нестанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.