Мехоҳед лоиҳаи худро дар ҷашнвораи филмҳои Канн ҳимоя кунед? Дархост фиристед!

Маркази миллии кинематография (CNC), Фестивали синамои Канн, Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷӣ ва Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи номзадҳо барои иштирок дар Семинари муштараки филмҳои Осиёи Марказӣ дар моҳи майи соли 2024 мебошад: Оё шумо филми бадеӣ ё аниматсионӣ дар ҳоли таҳия доред? Оё шумо шарикони молиявӣ дар Фаронса ва Аврупо меҷӯед? Шумо аз […]

Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон

Маркази миллии кинематография (CNC), Фестивали синамои Канн, Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷӣ ва Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи номзадҳо барои иштирок дар Семинари муштараки филмҳои Осиёи Марказӣ дар моҳи майи соли 2024 мебошад:

Оё шумо филми бадеӣ ё аниматсионӣ дар ҳоли таҳия доред?

Оё шумо шарикони молиявӣ дар Фаронса ва Аврупо меҷӯед?

Шумо аз Осиёи Марказӣ (Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон) ҳастед?

Мо шуморо ба семинари муштараки филмҳои Осиёи Марказӣ дар ҷараёни ҷашнвораи филми Канн дар моҳи майи соли 2024 барои иштирок даъват менамоем.

Шумо лоиҳаи худро ба истеҳсолкунандагони фаронсавӣ ва байналмилалӣ пешниҳод менамоед ва барои Шумо аз ҷониби CNC вохӯриҳои инфиродӣ ташкил карда мешаванд.

Барои иштирок дар ин семинар донистани забони англисӣ ҳатмист.

Хароҷоти зерин аз тарафи ташкилкунандагон фаро гирифта мешаванд: чиптаи ҳавопаймо, раводид, меҳмонхонаи серӯза ва аккредитатсия.

Мехоҳед лоиҳаи худро дар ҷашнвораи филмҳои Канн ҳимоя кунед? Ба линки зер муроҷиат кунед!

https://docs.google.com/forms/d/e/1FAIpQLSfpA9nVO8mHnqRG7v-67O90ibaX__zkfn6-j458bcIgpCVmLw/viewform 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.