Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардумро ба захираи хӯрокворӣ даъват кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мардуми кишвар даъват кард, ки  ба муҳлати ду сол хӯрокворӣ захира намоянд. “Солҳои охир доим таъкид месозам, ки ҳар як оилаи мамлакат бояд ба муҳлати то ду сол захираи маводи зарурии ғизоӣ дошта бошад”, – изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон Паёми шодбошиаш ба муносибати ҷашни Сада. Сарвари давлат таъкид […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мардуми кишвар даъват кард, ки  ба муҳлати ду сол хӯрокворӣ захира намоянд.

“Солҳои охир доим таъкид месозам, ки ҳар як оилаи мамлакат бояд ба муҳлати то ду сол захираи маводи зарурии ғизоӣ дошта бошад”, – изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон Паёми шодбошиаш ба муносибати ҷашни Сада.

Сарвари давлат таъкид доштааст, ки бар асари тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳарорати замин, инчунин, рӯз ба рӯз шиддат гирифтани вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза, торафт зиёд шудани аҳолии сайёра ва афзоиши талабот ба озуқаворӣ ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз табдил ёфтааст.

“Ин пешниҳод тасодуфӣ набуда, аз таҳлили амиқи вазъи пешгӯйинашавандаи ҷаҳони имрӯза, гусаста шудани занҷираҳои пешини таҳвили молу маҳсулот ва пайваста боло рафтани нархи маҳсулоти озуқаворӣ бармеояд”, – зикр мегардад дар паёми сарвари давлат.

Зикр мешавад, ки “дар шароити бисёр мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, замину обро самараноку оқилона истифода барем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем ва барои амалисозии ҳадафи стратегии миллиамон – ҳифзи амнияти озуқавории кишвар саҳми худро гузорем”.

Қобили зикр аст, ки ҷашни Сада бо пешниҳоди Тоҷикистон        6-уми декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Касанеи кишвари Ботсвана баргузор гардид, ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.