Додгоҳи вилояти Ботканди Қирғизистон дар мурофиаи рӯзи 6-уми декабр ҳукми абади ду шаҳрванди Тоҷикистонро бекор карда, онҳоро барои 20 сол маҳкум ба зиндон кардааст. Аммо пайвандони Абдурозиқ Қаҳҳоров яке аз ин ду маҳкумшуда ба ин ҳукми додгоҳ низ розӣ нестанд ва ба бегуноҳии ӯ пофишорӣ мекунанд.
Ин мурофиаи додгоҳӣ дар пайи шикояти пайвандони Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусов доир шудааст, ки 14-уми сентябри имсол додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳукми абад таъин карда буд. Қирғизистон ин ду шаҳрванди Тоҷикистонро пас аз ҳаводиси охири моҳи апрел бо ҷурми "ҷиноят бар зидди сулҳ" ва "ғоратгарӣ" айбдор карда буд, вале пайвандонашон аз ин ҳукм розӣ набуданд ва ба бегуноҳии онҳо пофишорӣ намуданд.
Дирӯз бархе аз расонаҳо бо такя ба манобеи худ дар сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ва хешовандони маҳкумшудаҳо гуфта буданд, ки ҷониби Қирғизистон ҳукми онҳоро ба 15-солӣ тағйир додааст. Вале ҳамсари яке аз ин маҳкумшудаҳо мегӯяд, ки бар асоси иттилое, ки онҳо дарёфт карданд ҳукми додгоҳ ба 20 соли зиндон иваз шудааст.
Як манба аз сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ҳам ба "Азия-Плюс" гуфт, ки дар воқеъ ҳукми ин ду шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳабси абад ба 20-соли зиндон иваз шуд. Ба гуфтаи манбаъ, ин ду шаҳрванд, ки бо ду модда – "ҷиноят бар зидди сулҳ" ва "ғоратгарӣ" маҳкум шудаанд, аз рӯйи моддаи аввал 15-солӣ ва аз рӯйи моддаи дувум 5-солӣ ҳукм гирифтанд.
Аммо ин манбаъ мегӯяд, ки саворфат ва консулгарии Тоҷикистон дар Бишкек дар ҷараёни ин кор ҳаст ва бо наздикони маҳукшудаҳо талош доранд, ки дар давоми ҳафт рӯз аз ин ҳукм шикояти касатсионӣ баранд.
Наргис Ҷабборова, ҳамсари Абдурозиқ Қаҳҳоров субҳи 7-уми декабр ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳукми такрории додгоҳи вилояти Ботканд рӯзи 6-уми декабр содир шудааст. Ӯ гуфт, хабари аз ҳукми абад ба 20 сол кам шудани ҳукми шавҳарашро аз хусураш, ки феълан дар Қирғизистон аст ва намояндагони Сафорати Тоҷикистон пайдо кард. Аммо Ҷабборова пофишорӣ мекунад, ки шавҳараш гуноҳе надорад ва умед дошт, ки озод мекунанд.
“Ба падари шавҳарам занг задам пурсидам, ки ба Абдурозиқ чанд сол ҳукм доданд, ӯ гуфт 20 сол. Дар ин бора худи шавҳарам тариқи телефон ба падарашон хабар додаанд. Ба намояндагони сафорати Тоҷикистон низ занг задам онҳо гуфтанд, ин охири кор нест ва боз аризаи даъвогӣ менависанд, ҳама корро мекунанд то шаҳрвандони Тоҷикистон ба озодӣ бароянд. Сафорати Тоҷикистон ба мо хело кӯмак карда истодааст ва ҳоло дар ҷараёни кор аст”,-гуфт, Наргис Ҷабборова
Наргис Ҷабборова мегӯяд, писари аммаи шавҳараш барои иштирок дар ҷараёни додгоҳӣ ба Қирғизистон рафта буд ва ҳоло хабари охирони ӯро низ интизор аст. Аммо мегӯяд, баъди шунидани ин хабар низ хушҳол нашуд ва саломатияш бадтар шуд. Вай гуфт, ҳоло дар хонаи модараш танҳо монда, бемор шудааст ва ба кӯмак ниёз дорад.
Наргис Ҷабборова дар мавриди озод кардани шавҳараш ба ҳукумати вилояти Суғд низ муроҷиат карда буд.
Қаблан Наргиз Ҷабборова, ҳамсари Абдурозиқ Қаҳҳоров ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки шавҳараш дар гузашта 12 сол дар мактаб-интернат аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс медод ва чаҳор соли охир дар хатсайри №66 “Хистеварз-Гулистон” ронандагӣ мекард ва дар рӯзҳои муноқишаи марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон дар кор буд. Мақомоти интизомии Қирғизистон рӯзи 22-уми май аввал Наргис Ҷабборова ва хусурашро даъват карда, бозпурсӣ карданд ва баъдан шавҳарашро дар шароити номаълум боздошт намуда, аз телефонаш акси муштаракеро бо низомиёни тоҷик пайдо карданд.
Ҷабборова гуфта буд, далели боздошти шавҳараш аз сӯйи мақомоти интизомии Қирғизистон ин аст, ки аз телефони ӯ як аксеро пайдо карданд, ки дар роҳи Хистеварз ҳамроҳ бо ду низомии тоҷик гирифта шудааст.
Наргис Ҷабборова, то муноқишаҳои марзӣ ҳамроҳи шавҳару фарзандон ва хусураш дар деҳаи Борбоддуки Қирғизистон зиндагӣ мекард ва аз заминҳое, ки аз қирғизҳо ба иҷора мегирифтанд ризқу рӯзӣ меёфт. Аммо ҳоло бо кӯдаконаш танҳо монда мегӯяд, аз бас ки саробони оила дар зиндон аст рӯзҳои сахти зиндагиро паси сар мекунанд. Ба далели набуди маблағ ва манъи иҷозаи вурд ба Қирғизистон ин зан низ натавонистааст дар мурофиаҳои додгоҳии шавҳараш иштирок кунад.
Боздошти Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусов дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи 28-29-уми апрели имсол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт. Ин ду шаҳрванди Тоҷикистон дар деҳаи Борбоддуки Қирғизистон зиндагӣ мекарданд. Аммо пайвандонашон умед доранд, ки бо кӯмаки мақомоти Тоҷикистон рӯзе онҳо ба озод мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.