Агентии обуҳавошиносӣ: боришот дар Тоҷикистон то 4 феврал идома меёбад

Мувофиқи пешгӯии обуҳавошиносон, обуҳавои номусоид дар Тоҷикистон то 4 феврал идома меёбад. Тавре ки Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар аксари шаҳру навоҳии кишвар борону барф меборад. “Рӯзҳои 31 январ то 3-4 феврали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ монда, дар бештари ноҳияҳо боришот (борон, барф) пешгӯӣ мешавад. Рӯзи 30 январ ва шаби 31 […]

Asia-Plus

Мувофиқи пешгӯии обуҳавошиносон, обуҳавои номусоид дар Тоҷикистон то 4 феврал идома меёбад. Тавре ки Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар аксари шаҳру навоҳии кишвар борону барф меборад.

“Рӯзҳои 31 январ то 3-4 феврали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ монда, дар бештари ноҳияҳо боришот (борон, барф) пешгӯӣ мешавад. Рӯзи 30 январ ва шаби 31 январ дар баъзе ноҳияҳо боришоти бошиддат дар назар аст”, – омадааст дар хабари Агентӣ.

Обуҳавошиносон ҳамчунин ҳушдор медиҳанд, ки бо сабаби паст шудани ҳарорати шабонаи ҳаво 31 январ то 2 феврал дар шоҳроҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ зуҳуроти яхбандӣ пешгӯӣ мешавад.

Гуфта мешавад, рӯзҳои 29-30 январ бо сабаби ба амал омадани боришот дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об дар назар аст.

“Рӯзҳои 30-31 январ дар минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ сар задани зуҳуроти тарма аз эҳтимол дур нест”, – зикр мешавад дар хабари Агентӣ.

Дар навбати худ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ низ шаҳрвандонро аз мушкилоти эҳтимолии марбут ба обуҳавои номусоид огоҳ мекунад.

Кумита шаҳрвандонро аз хатари лағзиши тарма дар Ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ огоҳ карда, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро ба ин самт маҳдуд кунанд ва аз ҳар гуна сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ варзанд.

Гуфта мешавад, дар ин минтақа ҳамчунин анҷом додани ҳар гуна корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва ғайра маслиҳат нест. Сокинонро лозим меояд ҳангоми гарм кардани хонаҳои худ қоидаҳои бехатарии зидди сӯхторро риоя кунанд. Бачаҳои худро беназорат нагузоранд ва ҳамеша дар ҳар сафар онҳоро ҳамроҳӣ кунанд.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки қабл аз сафар аввал аз манбаъҳои расмӣ дар бораи вазъи роҳ ва обуҳаво маълумоти дақиқ дарёфт намуда, воситаҳои нақлиёти худро бо ҳама абзори зарурӣ, аз ҷумла занҷирҳо, бандҳо, фонусҳо ва ғайра таъмин кунанд, ҳолати системаи гармидиҳандаро санҷанд ва баъд озими сафар шаванд.

Тавсия дода мешавад, ки ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш суръати ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ боло набаранд, фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд.

Дар сурати ба амал омадани ҳолатҳои фавқулода ва нохуш метавонанд ба рақамҳои 112 ё (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 занг зада, муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.