“Пешгирӣ аз порнография ва экстремизм”. Муовини якуми вазири фарҳанг танзими сафари ҳунармандони хориҷиро шарҳ дод

Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ, дирӯз, 29-уми январ, гуфт, ҳадафи аслии танзими сафари ҳунармандони хориҷӣ ба Тоҷикистон, пешгирӣ аз порнография ва экстремизм мебошад. Ба қавли муовини якуми вазири фарҳанг “сафари ҳунармандоне, ки ба Тоҷикистон меоянд, бо ҳамкории Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон назорат карда мешавад”. “Вазорати фарҳанг барномаи ҳунармандони хориҷиро ба […]

Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ, дирӯз, 29-уми январ, гуфт, ҳадафи аслии танзими сафари ҳунармандони хориҷӣ ба Тоҷикистон, пешгирӣ аз порнография ва экстремизм мебошад.

Ба қавли муовини якуми вазири фарҳанг “сафари ҳунармандоне, ки ба Тоҷикистон меоянд, бо ҳамкории Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон назорат карда мешавад”.

“Вазорати фарҳанг барномаи ҳунармандони хориҷиро ба он хотир талаб мекунад, ки донад барномаҳои порнографӣ ё экстремистӣ надошта бошанд. Мазҳ ба ин хотир барномаи онҳо бо мо бояд мувофиқа карда шавад”, – шаҳр дод Назариён.

Обид Назариён ба суоли такрории рӯзноманигорон дар бораи танзими сафари хориҷаи ҳунармандони тоҷик мушаххасан чизе нагуфт, танҳо зикр кард, ки “ин барои муаррифии миллату давлат кори муҳим аст ва ягон кори ғайриқонунӣ ҳам нест”.

Чанд рӯз пеш Радиои Озодӣ хабар дод, ки ба Қонуни нави фарҳанги Тоҷикистон илова ворид мешавад ва “аз ин ба баъд сафарҳои дохиливу хориҷии ҳунармандони тоҷик ва барномаи ҳунарии онҳо бояд бо Вазорати фарҳанг ҳамоҳанг карда шавад”.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи нави Қонун дар бораи фарҳангро охири соли гузашта тасвиб кард ва он аз рӯзи 18-уми январ расман ҳукми иҷро гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.