“Пешгирӣ аз порнография ва экстремизм”. Муовини якуми вазири фарҳанг танзими сафари ҳунармандони хориҷиро шарҳ дод

Date:

Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ, дирӯз, 29-уми январ, гуфт, ҳадафи аслии танзими сафари ҳунармандони хориҷӣ ба Тоҷикистон, пешгирӣ аз порнография ва экстремизм мебошад.

Ба қавли муовини якуми вазири фарҳанг “сафари ҳунармандоне, ки ба Тоҷикистон меоянд, бо ҳамкории Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон назорат карда мешавад”.

“Вазорати фарҳанг барномаи ҳунармандони хориҷиро ба он хотир талаб мекунад, ки донад барномаҳои порнографӣ ё экстремистӣ надошта бошанд. Мазҳ ба ин хотир барномаи онҳо бо мо бояд мувофиқа карда шавад”, – шаҳр дод Назариён.

Обид Назариён ба суоли такрории рӯзноманигорон дар бораи танзими сафари хориҷаи ҳунармандони тоҷик мушаххасан чизе нагуфт, танҳо зикр кард, ки “ин барои муаррифии миллату давлат кори муҳим аст ва ягон кори ғайриқонунӣ ҳам нест”.

Чанд рӯз пеш Радиои Озодӣ хабар дод, ки ба Қонуни нави фарҳанги Тоҷикистон илова ворид мешавад ва “аз ин ба баъд сафарҳои дохиливу хориҷии ҳунармандони тоҷик ва барномаи ҳунарии онҳо бояд бо Вазорати фарҳанг ҳамоҳанг карда шавад”.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи нави Қонун дар бораи фарҳангро охири соли гузашта тасвиб кард ва он аз рӯзи 18-уми январ расман ҳукми иҷро гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...