Кумитаи телевизион ва радио ба 5 дархости таъсиси телевизион ва радио ҷавоби рад додааст

Дар соли 2023 ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 муроҷиат барои тамдид ва барасмиятдароии иҷозатнома дар соҳаи телевизион, радиошунавонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ ворид шудааст. Дар ин бора Каримзода Тоҷиддин, сардори Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ зимни нишасти матбуотии Кумитаи телевизон ва радио маълумот дод. Аз 31 муроҷиатнома […]

Исматуллоҳи Абдуллоҳ, махсус барои Asia-Plus

Дар соли 2023 ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 муроҷиат барои тамдид ва барасмиятдароии иҷозатнома дар соҳаи телевизион, радиошунавонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ ворид шудааст.

Дар ин бора Каримзода Тоҷиддин, сардори Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ зимни нишасти матбуотии Кумитаи телевизон ва радио маълумот дод.

Аз 31 муроҷиатнома – 18 адад барои тамдиди иҷозатнома, 7 адад барои аз нав барасмиятдарорӣ ва 6 адад барои барасмиятдарории иҷозатнома ба Кумитаи телевизион ва радио ворид шудааст.

Аз 6 муроҷиатнома барои барасмиятдарорӣ, танҳо ба ҶДММ “Довфилм” барои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ иҷозатнома дода шудааст.

Сабаби рад шудани 5 муроҷиати дигарро масъулин ошкор накарданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар Тоҷикистон 101 шабакаҳои давлативу хусусии телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, аз ҷумла 15 телевизиону 10 радиои давлатӣ, 18 телевизиони хусусӣ, 16 телевизиони ноқилӣ, 4 телевизиони IP, 24 радиои хусусӣ ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.