Муҳсин Муҳаммадиев: “Ин барор ё тасодуф нест, балки ғалабаи арзандаи дастаи Тоҷикистон аст”

Date:

 “Мо дида истодаем, ки даста хуб бозӣ мекунад… Тоҷикистон ба бозии худ даст ёфт”, – гуфтааст дар мусоҳиба ба хабаргузории “Фергана” Муҳсин Муҳаммадиев, ноиби президенти тими “Истиқлол”-и Душанбе, собиқ бозигари “Помир”, “Спартак”-и Маскав ва мунтахаби Тоҷикистон пас аз ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтани футболбозони тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё.

Ба гуфтаи ӯ, пеш аз бозии минбаъда (2 феврал бо тими Урдун) барои футболбозони тоҷик муҳим аст, ки пас аз бозии вазнину мушкил худро барқарор кунанд.

“Ба ҳар ҳол футболбозон бо назардошти вақти иловагӣ 140 дақиқа бозӣ карданд, хеле қувва сарф карданд”, – иброз доштааст Муҳаммадиев.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки барои дастаи Тоҷикистон ин ғалабаи арзанда аст.

“Рӯҳияи футболбозон хуб ва қавӣ аст. Лаззати пирӯзиро чашиданд. Ва ғалабаи арзанда ҳам ҳаст. Мо шоҳиди он будем, ки мунтахаби Тоҷикистон нисбат ба ҳарифон бештар лаҳзаҳои хавфнок ба амал меовард. Аз ин рӯ, ин ҷо дар бораи ягон барор ё тасодуф сухан намеравад. Ҳамаи ин натиҷаи кори вазнин аст”, – гуфтааст Муҳаммадиев.

Ӯ ҳамчунин ба мухлисони дастаи Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамсоя изҳори миннатдорӣ кардааст.

“Самимиятро эҳсос мекунам. Аз чунин дастгирӣ хеле хурсандам. Ташаккури зиёд ба мухлисон аз Қирғизистону Қазоқистон ва Ӯзбекистон. Мо ҳам аз самими дил ба мунтахабҳои ин кишварҳо мухлисӣ мекунем. Ҳамин тавр ҳам бояд бошад”, – гуфтааст ӯ.

Ёдрас мекунем, ки дар даври 1/8 финалии мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон Амороти Муттаҳидаи Арабро шикаст дода, ба даври 1/4 финалӣ роҳ ёфт. Дар ин давр футболбозони тоҷик бо тими Урдун, ки бар дастаи Ироқ бо ҳисоби 3:2 дастболо шуд, бозӣ мекунанд. Ин бозӣ рӯзи 2 феврал баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...