Як муовини Рустами Эмомалӣ раиси Данғара шуд ва муовини раиси вилояти Хатлон иваз гардид

Чанд манбаъ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, ки як муовини раиси вилоят иваз шуда, дар шаҳри Нораку Левакант ва ноҳияи Данғара низ раисони нав таъин гардидаанд. Бино ба иттилои манбаъ, Анзурат Абдусаломзода ба ҳайси муовини раиси вилояти муаррифӣ шудааст. Ӯ то ба ин вазифа таъин шудан, ба ҳайси сардори Раёсати кор бо занон […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Чанд манбаъ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, ки як муовини раиси вилоят иваз шуда, дар шаҳри Нораку Левакант ва ноҳияи Данғара низ раисони нав таъин гардидаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, Анзурат Абдусаломзода ба ҳайси муовини раиси вилояти муаррифӣ шудааст. Ӯ то ба ин вазифа таъин шудан, ба ҳайси сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон фаъолият мекард. Пештар аз ин, Анзурат Абдусаломзода ҳамчун муовини директори “ТВ Хатлон” ва муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кор кардааст.

Ӯ дар ин вазифа Фирӯза Шарифиро иваз кардааст, ки тибқи иттилои дастрасгардида, иҷрокунандаи раиси шаҳри Норак таъин шудааст.

Раиси ҳамакнун пешини шаҳри Норак Дилшод Асозода ба кадом вазифа таъин шудааст, маълум нест.

Мастура Табарӣ, ки то ин замон муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буд, аз вазифа озод ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант таъин шудааст. Ӯ дар ин вазифа Бунафша Сайфиддинзодаро иваз кардааст, ки дирӯз раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ҳамчунин, имрӯз Сиҷоуддин Саломзода раиси ноҳияи Данғара таъин гардидааст. Ӯ то ин замон дар вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе кор мекард. Пештар аз ин, Саломзода дар вазифаи раиси шаҳри Исфара ва Бохтар низ фаъолият кардаст.

Ба кадом вазифа таъин шудани Раҳмон Исломиддин Хайриддин, ки то ин замон раиси ноҳияи Данғара буд, маълум нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.