Иштироки президенти Тоҷикистон дар маросими оғози сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон

            Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз президенти Тоҷикистон зимни сафар ба ноҳияи Ваҳдат дар маросими оғози сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, ки масофааш 46 километр буда, қисмате аз роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа мебошад, иштирок намуд.             Тавре аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд, барои амалисозии лоиҳаи мазкур ҳудуди 140 млн. доллари ИМА зарур […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз президенти Тоҷикистон зимни сафар ба ноҳияи Ваҳдат дар маросими оғози сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, ки масофааш


46 километр

буда, қисмате аз роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа мебошад, иштирок намуд.





           

Тавре аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд, барои амалисозии лоиҳаи мазкур ҳудуди 140 млн. доллари ИМА зарур аст. Алҳол маблағгузории сохтмони қитъаи роҳро КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» таъмин сохта, минбаъд ҷалби сармоягузорони хориҷӣ аз эҳтимол дур нест.



Ғайр аз ин, субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Маркази барқарорсозии саломатии кӯдакон дар шаҳраки Шифои ноҳияи Ваҳдат ширкат варзид.



Ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва банақшагирии оилаи вазорати тандурустии ҶТ Шералӣ Раҳматуллоев, барои корҳои таъмиру таҷдид ва муҷаҳҳазсозии маркази барқарорсозӣ 3,5 млн. сомонӣ маблағ хароҷот карда шудааст, ки 2,2 млн. сомонии он аз ҷониби Вазорати тандурустии ҶТ ҷудо гардидааст. Дар ин кор ҳамчунин Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) низ саҳм гирифтанд.



Ш.Раҳматуллоев таъкид сохт, ки марказ бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, дар он барои муолиҷаи пурсамари кӯдакони бемор ҳама шароитҳо фароҳам сохта шудаанд.




 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.