Нархи электромобилҳои писандида дар Тоҷикистон

Ҳар ҳафта ба Тоҷикистон электромобилҳои тамғаи гуногун ворид карда мешаванд. Кадом тамға ва моделҳо бештар писандидаанд ва чӣ нарх доранд? Дар бораи электромобилҳои бештар серхаридор дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” воридкунандагони электромобилҳо ва намояндагони ширкатҳои таксие, ки автомашинаҳоро ба иҷора медиҳанд, маълумот доданд. Кадом электромобилҳоро мехаранд ва нархи онҳо чӣ қадар аст? Ба гуфтаи воридкунандагон, айни […]

Фозилҷон Фатҳуллоев, Asia-Plus

Ҳар ҳафта ба Тоҷикистон электромобилҳои тамғаи гуногун ворид карда мешаванд. Кадом тамға ва моделҳо бештар писандидаанд ва чӣ нарх доранд?

Дар бораи электромобилҳои бештар серхаридор дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” воридкунандагони электромобилҳо ва намояндагони ширкатҳои таксие, ки автомашинаҳоро ба иҷора медиҳанд, маълумот доданд.

Кадом электромобилҳоро мехаранд ва нархи онҳо чӣ қадар аст?

Ба гуфтаи воридкунандагон, айни замон дар Тоҷикистон харидорони асосии электромобилҳо ширкатҳои таксӣ ё худи ронандагони таксӣ мебошанд, ки аз ин ширкатҳо автомашина мегиранд.

Электромбилҳои дараҷаи баланд (премиум-класс) аз қабили Tesla, Lucid Air, Mercedes-Benz EQS Sedan, BMW i7 ва ғайра хеле кам ба Тоҷикистон оварда мешаванд. Онҳо аз 60 ҳазор то 250 ҳазор ва ҳатто болотар аз ин нарх доранд.

“Аз харидории ин электромобилҳои премиум-класс, масалан Tesla шахсони сарватманд дар Тоҷикистон ҳарос мекунанд, зеро дар як видео аз ИМА нишон дода мешавад, ки чӣ гуна онҳо хеле зуд корношоям мешаванд. Беҳтараш мардум ягон электромобили истеҳсоли Чинро мехаранд, зеро ду баробар арзонтару агар вайрон шавад ҳам, хароҷоташ он қадр зиёд нест”, – изҳор дошт Айёмиддин Аслонов, соҳибкори машғул ба воридоти электромобилҳо ба ҷумҳурӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.