“Сензура набуд, вақт маҳдуд буд”. Директори “Тоҷикфилм” ба даъвои коргардон посух дод

Маҳмадсаид Шоҳиён, директори “Тоҷикфилм” гуфт, дар филми “Дар талоши ҳақиқат” ҳеҷ гуна сензура вуҷуд надошт ва он ҷойҳое, ки “қайчӣ зада шуд”, ба хотири маҳдудияти вақт буд. “Дар талоши ҳақиқат” филмест, ки 26-уми январ нахустнамоиши он баргузор шуд, вале қабл аз он, Некрӯз Ҷалилиён, коргардони тоҷик дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, ки филмро ӯ бардоштааст, […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Маҳмадсаид Шоҳиён, директори “Тоҷикфилм” гуфт, дар филми “Дар талоши ҳақиқат” ҳеҷ гуна сензура вуҷуд надошт ва он ҷойҳое, ки “қайчӣ зада шуд”, ба хотири маҳдудияти вақт буд.

“Дар талоши ҳақиқат” филмест, ки 26-уми январ нахустнамоиши он баргузор шуд, вале қабл аз он, Некрӯз Ҷалилиён, коргардони тоҷик дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, ки филмро ӯ бардоштааст, вале аз ҷониби Маҳмадсаид Шоҳиён чандин қисмаш "бурида" шудааст.

Ба гуфтаи Маҳмадсаид Шоҳиён, коргардон тибқи шартнома бояд дар ҳудуди 1 соату 20 дақиқа филми мазкурро таҳия мекард ва ҳамин вақт ба инобат гирифта шуд.

“Филм пурра аз ҷониби "Тоҷикфилм" ба навор гирифта шуд, чандин бор дар Шӯрои бадеӣ рӯнамоӣ гардид, ҳама коргардонҳо онро диданд ва назарашонро гуфтанд. Ҳеҷ сензура вуҷуд надошт. Мо филмро 2,5 соат таҳия карда наметавонистем”, – гуфт Маҳмадсаид Шоҳиён.

Номбурда таъкид кард, ки коргарони филм Манзаралӣ Шералӣ аст ва касе дигар ҳаққи чунин даъворо надорад.

Манзаралӣ Шералӣ нахост дар ин маврид бо рӯзноманигорон ҳарф занад ва қазияи мазкурро шарҳ диҳад.

Бояд гуфт, ки филми “Дар талоши ҳақиқат” аз рӯйи асари “Интиқоми арвоҳ”-и рӯзноманигори шинохта Хуршед Атовулло ба навор бардошта шуд ва дар бораи корнамоии як рӯзноманигор ҳикоят мекунад.

Некрӯз Ҷалилиён даъво дорад, ки филми “Дар талоши ҳақиқат”-ро ӯ ба навор бардоштааст ва аз ҷониби Маҳмадсаид Шоҳиён – директори “Тоҷикфилм” филми мазкур зери сензура қарор гирифта, чандин қисматаш "бурида" шуд.

Ҷалилиён навишт, "ин филм, ки тамғаи "истеҳсоли Тоҷикфилм"-ро задаанд, бо камераи ман бепул наворбардорӣ ва дар компютери ман бепул тадвину рангпардозӣ шудааст".

“Филме, ки ба шумо нишон медиҳанд, филми аслӣ нест. Ин филм зери сензураи Шоҳиён  ончунон бурида ва саркӯб шудааст, ки аз як филми хуби детективӣ (албатта дар шароити бешароитӣ сохташуда) ба як филми драмаи миёнаҳоли ҷойҳое нороҳаткунанда аз  нигоҳи тадвин, пайвастагии хати сюжа ва мантиқ табдил ёфтааст", – навишт Некрӯз Ҷалилиён.

Ҳоло филми “Дар талоши ҳақиқат” дар Кинотеатри "Ватан" ҳамарӯза манзури тамошобинон мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.