Барканории муовинони раиси Оҷонсии зиддифасод ва таъини муовинони нав дар чанд ниҳоди дигар

Чанде аз муовинони директори Оҷонсии зиддифасод, Саридораи сирри давлатӣ ва Оҷонсии хидмати давлатӣ дар Тоҷикистон озод ва ба ҷои онҳо нафарони дигар таъин шуданд. Тақрибан ҳамаи шахсони озодшуда ҳам вазифа гирифтаанд. Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ду муовини директори Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон, аз ҷумла, Суҳроб Сафарзода, муовини якум ва Музаффар Аҳмадзода, муовини дигар […]

Asia-Plus

Чанде аз муовинони директори Оҷонсии зиддифасод, Саридораи сирри давлатӣ ва Оҷонсии хидмати давлатӣ дар Тоҷикистон озод ва ба ҷои онҳо нафарони дигар таъин шуданд. Тақрибан ҳамаи шахсони озодшуда ҳам вазифа гирифтаанд.

Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ду муовини директори Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон, аз ҷумла, Суҳроб Сафарзода, муовини якум ва Музаффар Аҳмадзода, муовини дигар аз вазифа озод шудаанд.

Сабаби барканории онҳо “гузаштан ба кори дигар” гуфта мешавад. Вале то ҳол ба кадом мансаб таъин гардидани онҳо маълум нест.

Сафарзода аз соли 2018 ба ҳайси муовин ва шуруъ аз соли 2021 ба ҳайси муовини аввал кор мекард. Аҳмадзода бошад дар солҳои 2020-2021 муовини аввали раиси Оҷонсӣ буд, вале аз моҳи июли соли 2021 дар мақоми муовин кор мекард.

Бо фармони дигари президент, Барот Расулӣ, ки то ин дам роҳбари яке аз Раёсатҳои Оҷонсӣ буд, муовини аввал ва Фирӯз Камолзода, ки ӯ ҳам дар ин ниҳод вазифаи сардори раёсати кадрҳоро ба уҳда дошт, муовини дигари раиси ин ниҳод таъин шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон сардорони раёсатҳои Оҷонсии зиддифасод дар ВМКБ, шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Кӯлоб ва сардорони баъзе аз раёсатҳои дастгоҳи марказии Оҷонсӣ аз вазифа озод ва ба ҷои онҳо кадрҳои нав таъин гардидаанд.

Ин тағйирот дар ҳолест, ки дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон президент фаъолияти сохторҳои қудратии вилояти Хатлонро интиқод карда, супориш дода буд, ки роҳбарони аввали ниҳодҳои қудратӣ, аз ҷумла Оҷонсии зиддифасод дар Хатлон ва баъзе кормандони дасттгоҳи марказӣ аз вазифа озод карда шаванд.

Ин аст, ки ду ҳафтаи охир бархе муовинони роҳбарони мақомоти қудратӣ ва сардрони ин ниҳодҳо дар вилояти Хатлон аз вазифа озод ва ба ҷои онҳо нафарони дигар таъин мешаванд.

Хадамоти матбуот роҳбари давлат хабар медиҳад, ки имрӯз, 7-уми феврал, бо фармонҳои дигар муовинони сардори Саридораи сири давлатӣ ҳам нав шудаанд.

Муҳаммад Сафарзода, ҳамакнун собиқ муовини аввали ин ниҳод  ба нафақа гусел шуда, ба ҷои ӯ Фирӯз Шарифзода таъин гардидааст.

Дилноза Аҳмадзода, ки то ин дам муовини сардори Оҷонсии хидмати давлатӣ буд, аз вазифа озод ва муовини дигари сардори Саиридораи сири давлатӣ таъин шудааст.

 Ба ҷои Дилноза Аҳмадзода, Ҳилолбӣ Қурбонзода, ки чанд рӯз пештар аз вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон озод гардида буд, муовини раиси Оҷонсии хидмати давлатӣ таъин шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.