Боздошти ҷодугари 74-сола дар Кӯлоб бо 5 сол собиқаи корӣ

Кормандони милитсияи шаҳри Кӯлоб Раҳматулло Файзуллоеви 74-соларо ба гумони машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ боздошт намуданд. Тавре ки Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар саҳифаи Facebook хабар медиҳад, ӯ сокини маҳаллаи 1 майи шаҳри Кӯлоб буда, дар хонаи истиқоматиаш ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул мешудааст. “Зимни чорабиниҳои санҷишӣ муайян гардид, ки Раҳматулло […]

Asia-Plus

Кормандони милитсияи шаҳри Кӯлоб Раҳматулло Файзуллоеви 74-соларо ба гумони машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ боздошт намуданд.

Тавре ки Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар саҳифаи Facebook хабар медиҳад, ӯ сокини маҳаллаи 1 майи шаҳри Кӯлоб буда, дар хонаи истиқоматиаш ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул мешудааст.

“Зимни чорабиниҳои санҷишӣ муайян гардид, ки Раҳматулло Файзуллоев худро ҳамчун фолбину ҷодубарор муаррифӣ намуда, давоми 5 соли охир ба ин кор машғул будааст”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Гуфта мешавад, маълум шудааст, ки дар асл номбурда танҳо ба хотири манфиатҳои шахсӣ барои ба даст овардани маблағҳои пулӣ даст ба ин кирдори мардумфиребона мезадааст.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати дастгиршуда барои амалҳои мардумфиребонааш  парвандаи маъмурӣ тартиб ва барои баррасӣ ба Суди шаҳри Кӯлоб ирсол гардидааст.

Раёсат таъкид доштааст, ки имрӯз илму донишҳои тиббӣ дар сатҳи зарурӣ тараққӣ ва ташаккул ёфта, шаҳрвандонро мебояд аз чунин афроди ҷодугару фолбин дӯрӣ ҷӯянд ва ба амалу рафтори онҳо бовар накунанд.

Гуфтан бамаврид аст, ки дар Тоҷикистон машғул шудан бо фолбинӣ ва ҷодугарӣ тибқи қонунгузорӣ манъ аст. Ҳамчунин, бар асоси талаботи динӣ низ машғул шудан бо фолбинӣ ва ҷодугарӣ иҷоза дода намешавад.

Барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ бар асоси моддаи 482 Кодекси маъмурии ҶТ ҷарима дар ҳаҷми аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда – 72 сомонӣ) пешбинӣ шудааст.

Дар сурати такрори амал дар давоми сол ҷарима метавонад аз 60 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил диҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.