Худдории Тоҷикистон аз гирифтани қарз барои бунёди долони нақлиётии ИА – ОМ бидуни убури қаламрави Русия

Бонки аврупоии сармоягузорӣ бо ҳукуматҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба маблағи 1,47 млрд евро Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид, ки дар он бунёди долони мултимодалии нақлиётии фаромарзии Хазар пешбинӣ мешавад. Тариқи он пайваст кардани Аврупо бо Осиёи Марказӣ дар назар аст. Тоҷикистон аз имзои қарордоди пешакии мазкур худдорӣ варзид. Тавре ки вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки аврупоии сармоягузорӣ бо ҳукуматҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба маблағи 1,47 млрд евро Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид, ки дар он бунёди долони мултимодалии нақлиётии фаромарзии Хазар пешбинӣ мешавад. Тариқи он пайваст кардани Аврупо бо Осиёи Марказӣ дар назар аст. Тоҷикистон аз имзои қарордоди пешакии мазкур худдорӣ варзид.

Тавре ки вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита хабар дод, маросими имзои Ёддошт охири моҳи январ дар Брюсссел зимни кори Форуми сармоягузорон оид ба долони нақлиётии Иттиҳоди Аврупо (ИА) – Осиёи Марказӣ (ОМ) дар чаҳорчӯби стратегияи ИА «Global Gateway» баргузор шуд.

Дар доираи форуми серӯза ниҳодҳои молиявии аврупоӣ ва байнулмилалӣ таҳти кафолати Комисияи Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати “рушди алоқаи устувори нақлиётӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ” 10 млрд евро маблағгузорӣ пешниҳод карданд.

"Ҳамлаи Русия ба Украина зарурати фаврии ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативии боэътимод ва муассири тиҷоратии байни Аврупо ва Осиёро бидуни убури қаламрави Русия таъкид кард", – изҳор намуд иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти Комиссияи Аврупо Валдис Домбровскис.

Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ зикр кард, ки Тоҷикистон аз имзои қарордоди пешакӣ оид ба долони нақлиётии зикршуда худдорӣ варзид ва изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон ҷузъиёт ва мувофиқи мақсад будани ҷалби қарзҳоро мавриди омӯзиш қарор додааст.

“Мо изҳор кардем, ки шартҳои пешниҳоди ин қарзҳоро омӯхтан лозим аст”, – иброз дошт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ба дастрас намудани қарзҳои имтиёзнокиашон баланд манфиатдор аст, “то ки баъдан дар баргардонидани онҳо мушкиле пеш наояд”.

Дар назар аст, ки долони мултимодаии мазкур кишварҳои Осиёи Марказиро бо Аврупо тариқи қаламрави Қафқоз ва Туркия пайваст мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст