Давоми соли 2023 даҳҳо нафар барои тақсимоти ғайриқонунии замин ҷазо гирифтаанд, ки миёни онҳо баъзе кормандони худи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон низ будаанд.
Дар ин бора Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Аммо ӯ теъдоди дақиқи кормандони ҷиноятсодиркардаи ниҳоди зери роҳбариашро нагуфт.
Ба қавли ӯ, дар умум соли 2023 ҳамагӣ 13 ҳазору 447 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардидааст, ки нисбат ба соли 2022 824 ҳолат зиёд аст.
“Тибқи ахбороти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ соли 2023 нисбати 87 нафар, аз ҷумла 6 нафар хизматчии давлатӣ барои содир намудани бештар аз 170 ҷиноят, парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст, ки қариб ҳамаи онҳо аз вазифаи ишғолнамудаашон озод гардидаанд. Аз ҷиноятҳои соли 2023 ошкоршуда 38 адади он соли 2023, 21 адад соли 2022, 10 адад соли 2021, 16 адад соли 2020 ва 88 адад аз соли 2007 то 2019 содир шудаанд”, – зикр кард ӯ.
Дар идома Ориф Хоҷазода гуфт, соли 2023 барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 11 ҳазору 389 қарор қабул шудааст, ки дар натиҷа 10 ҳазору 80 ё ин ки 75 дарсад қонунвайронкунӣ бартараф карда шуданд.
“Дар маҷмӯъ аз маблағи умумии ҷарима 6 миллиону 612 ҳазору 521 сомонӣ, ки аз тарафи нозирон нисбати вайронкунандагони қонунгузории замин таъин гардида буд, 5 миллиону 328 ҳазору 764 сомонӣ (76%) ба суратҳисоби махсуси Кумитаи замин ворид шудааст” – гуфт Хоҷазода
Тибқи маълумоти омории кумитаи мазкур, барои додани баҳои ҳуқуқӣ 901 мавод ба додситонӣ ва 872 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол гардидаанд.


