Раиси Кумитаи замин: “Баъзе кормандони мо ҳам ба тақсимоти ғайриқонунии замин ҳамроҳ ҳастанд”

Давоми соли 2023 даҳҳо нафар барои тақсимоти ғайриқонунии замин ҷазо гирифтаанд, ки миёни онҳо баъзе кормандони худи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон низ будаанд. Дар ин бора Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Аммо ӯ теъдоди дақиқи кормандони ҷиноятсодиркардаи ниҳоди зери  роҳбариашро нагуфт. Ба […]

Исматуллоҳи Абдуллоҳ, Asia-Plus

Давоми соли 2023 даҳҳо нафар барои тақсимоти ғайриқонунии замин ҷазо гирифтаанд, ки миёни онҳо баъзе кормандони худи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон низ будаанд.

Дар ин бора Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Аммо ӯ теъдоди дақиқи кормандони ҷиноятсодиркардаи ниҳоди зери  роҳбариашро нагуфт.

Ба қавли ӯ, дар умум соли 2023 ҳамагӣ 13 ҳазору 447 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардидааст, ки нисбат ба соли 2022 824 ҳолат зиёд аст.

“Тибқи ахбороти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ соли 2023 нисбати 87 нафар, аз ҷумла 6 нафар хизматчии давлатӣ барои содир намудани бештар аз 170 ҷиноят, парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст, ки қариб ҳамаи онҳо аз вазифаи ишғолнамудаашон озод гардидаанд. Аз ҷиноятҳои соли 2023 ошкоршуда 38 адади он соли 2023, 21 адад соли 2022, 10 адад соли 2021, 16 адад соли 2020 ва 88 адад аз соли 2007 то 2019 содир шудаанд”, – зикр кард ӯ.

Дар идома Ориф Хоҷазода гуфт, соли 2023 барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 11 ҳазору 389 қарор қабул шудааст, ки дар натиҷа 10 ҳазору 80 ё ин ки 75 дарсад қонунвайронкунӣ бартараф карда шуданд.

“Дар маҷмӯъ аз маблағи умумии ҷарима 6 миллиону 612 ҳазору 521 сомонӣ, ки аз тарафи нозирон нисбати вайронкунандагони қонунгузории замин таъин гардида буд, 5 миллиону 328 ҳазору 764 сомонӣ (76%) ба суратҳисоби махсуси Кумитаи замин ворид шудааст” – гуфт Хоҷазода

Тибқи маълумоти омории кумитаи мазкур, барои додани баҳои ҳуқуқӣ 901 мавод ба додситонӣ ва 872 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол гардидаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.