Меъёри бозтамвилро дар Тоҷикистон то 9,5%-и солона паст карданд. Нархҳо чӣ гуна мешаванд?

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро ба андозаи 0,5% – аз 10,0% то 9,5%-и солона поин бурд. Чунин қарор дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии БМТ рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта қабул шуд. Тавре ки Бонки миллӣ хабар медиҳад, ин меъёр аз рӯзи 12 феврал мавриди амал қарор дода мешавад. Қобили зикр аст, ки тағйири […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро ба андозаи 0,5% – аз 10,0% то 9,5%-и солона поин бурд. Чунин қарор дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии БМТ рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта қабул шуд.

Тавре ки Бонки миллӣ хабар медиҳад, ин меъёр аз рӯзи 12 феврал мавриди амал қарор дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки тағйири меъёри бозтамвил дар соли равон дар Тоҷикистон бори аввал аст.

Соли 2023 меъёри бозтамвил ду маротиба бозбинӣ гардид – моҳи феврал он аз 13,0% то 11,0% ва моҳи май – то 10,0%-солона паст шуда буд.

Ин меъёр чӣ маъно дорад?

Тибқи қонунгузорӣ, меъёри бозтамвил меъёри минималии фоизие мебошад, ки тибқи он БМТ ба бонкҳои тиҷоратии кишвар ҷиҳати таъмини пардохтпазирии кӯтоҳмуҳлат қарз медиҳад. Муҳлати чунин қарзҳо, ки бонкҳо метавонанд дар музоядаҳо онро гиранд, аз як рӯз (intraday) то 28 рӯзро ташкил медиҳанд.

Бонкҳо қарзро дар навбати аввал барои дастгирии пардохтпазирии худ дар давраи кӯтоҳмуҳлат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои таъҷилӣ, аз ҷумла ҳисоббаробарӣ дар бозори байнибонкӣ, пардохти қарзи ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ва ғайра истифода мебаранд.

Мутахассисон меъёри бозтамвилро яке аз воситаҳое мешуморанд, ки тариқи он бо як тарзи муайян ба таваррум таъсир расонида мешавад: ҳангоми паст шудани ин меъёр пул дар гардиш зиёд шуда, мутаносибан молу маҳсулот арзон ё баръакс қимат шуда метавонад.

Тоҷикистон соли гузашта дар як қадам аз сатҳи рекордии пасттарини таваррум барои худ қарор гирифт.

Бино ба маълумоти омори расмӣ, соли 2023 сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ 3,8%-ро ташкил дод.

Дар давоми тамоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар сатҳи аз ин нишондиҳанда пасттар соли 2013 – 3,7% ба қайд гирифта шуда буд.

Мизони ҳадафноки Бонки миллии Тоҷикистон тайи солҳои ахир дар ҳудуди 6,0% (±2 банди фоизӣ), яъне аз 4,0% то 8,0% боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.