Гумонбарии як мансабдор дар Панҷакент ба азхудкунии 1,2 млн сомонӣ

Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент Ашраф Истамзода ба азхудкунии маблағҳои аз буҷет ҷудошуда дар ҳаҷми 1 млн 247 ҳазору 689 сомонӣ (тақрибан 110 ҳазор доллар) гумонбар дониста мешавад. Тавре ки маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад,  парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ бо гузаронидани амалҳои зарурии мурофиавӣ ба […]

Asia-Plus

Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент Ашраф Истамзода ба азхудкунии маблағҳои аз буҷет ҷудошуда дар ҳаҷми 1 млн 247 ҳазору 689 сомонӣ (тақрибан 110 ҳазор доллар) гумонбар дониста мешавад.

Тавре ки маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад,  парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ бо гузаронидани амалҳои зарурии мурофиавӣ ба суд ирсол шудааст.

Гуфта мешавад, Ашраф Истамзода аз соли 2016 то 20 феврали соли 2023 ба ҳайси сардори шуъбаи дар боло зикргардидаи шаҳр фаъолият доштааст.

“Замони кор дар ин мансаб ӯ ҳамчунин ширкати хусусии ҶДММ “Нисо-А”-ро низ зери роҳбариаш дошта, бо роҳи фароҳам овардани шароитҳои мусоид ба ин ширкат, маблағҳои буҷетро азхуд кардааст. Аз ҷумла, бо суистифода аз мансаб ба имзои қарордодҳои давлатӣ байни мақомоти Панҷакент ва ҶДММ “Нисо-А” мусоидат кардааст”, – омадааст дар хабари Агентӣ.

Аз ҷумла, давоми моҳҳои сентябр-декабри соли 2022 бо мусоидати Истамзода бо ширкати “Нисо-А” оид ба иҷрои корҳои сохтмон ва таъмини молу маҳсулот қарордодҳо баста шуда, дар 9 ҳолат маблағҳои давлатӣ азхуд шудаанд.

“Дар натиҷаи сохтакории ҳуҷҷатҳо ширкат дар маҷмӯъ 1 млн 247 ҳазору 689 сомонии аз буҷет ҷудошударо азхуд ва ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст”, – зикр мешавад дар маълумоти маркази матбуоти Агентӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати Ашраф Истамзода ва дигар шахсони ба ин амал дастдошта мутобиқи 4 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори  махсусан калон), 318 (Иштироки ғайриқонунӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ), 323 (Сохтакории хизматӣ) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ҳар кадоме аз ин моддаҳо ҷаримаи калон ё ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати чандин сол пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.